(VIDEO) Нигаронии Тағоймуродов аз буҳрон: Маҷбурем барои пардохти қарз боз қарз гирем
Алимурод Тағоймуродов, раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” мегӯяд, буҳрони молиявӣ ва болоравии қурби доллар корхонаи тобеашро дар вазъи вазнини молӣ қарор додаст.
Тағоймуродов имрӯз, 14 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ пардохти қарзҳои корхонаро, ки асосан бо доллар сурат мегирад, бисёр мушкил кардааст: “Агар моҳи январи соли 2015 тақрибан 480-490 сомонӣ 100 долларро ташкил медод, имрӯз дида истодаем, ки аз 800 сомонӣ ҳам боло баромада истодааст”.
Раҳбари “ЖКХ” гуфт, дар ҳоле ки қурби доллар боло рафтааст, ҳаққи хизматрасонии корхонааш дар сатҳи пешӣ боқӣ мондааст. Ӯ афзуд бинобар мушкил шудани пардохти қарзҳо тасмим гирифтаанд, ки соли 2016 пардохти қарзашон аз Бонки аврупоӣ барои 3 соли дигар тамдид карда шавад: “Агар ҳамин масъала ҳаллу фасли худро ёбад имконияти молии мо хуб мешавад. Агар на, мо маҷбур мешавем барои пардохти қарзҳо аз ягон бонк боз қарз гирем ё ҳукумат дар ин масъала моро дастгирӣ намояд”.
Ӯ яке аз роҳҳои ҳалро бозбинии нархномаҳои хизматрасонии обу коммуналӣ хонда, илова намуд, ки ин масъаларо ба ҳукумат пешниҳод кардаанд.
Раҳбари “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии кишварро ба уҳда дорад, илова намуд: “Дар соли 2016 пардохти қарзҳо афзоиш меёбад, чун сол ба сол вақте мо бештар маблағҳоро аз худ мекунем, ҳамон қадар бояд ба Бонки аврупоӣ бештар пардохт кунем”.
Ӯ ҳаҷми қарзҳои корхонаи тобеяшро дар назди созмонҳои байналмилалӣ 37 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |