Раҷаббой Аҳмадзода: 4 сокини Хуҷанд бидуни иҷоза дар кишварҳои арабӣ таҳсил доранд (САДО)

Шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, чор сокини маркази маъмурии вилояти Суғд бидуни иҷозаи Кумитаи дини кишвар дар кишварҳои арабӣ таҳсил мекунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода 13 январ дар нишасти хабарии солонааш гуфт, “оид ба ин масъала бо падару модарони онҳо суҳбат кардаанд ва онҳо ваъда доданд, ки фарзандонашонро бармегардонанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон 12 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тибқи омори Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ теъдоди донишҷӯёне, ки ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд, ба 466 нафар мерасад, ки бештари онҳо дар Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ ва Кувайт мебошанд. Ӯ гуфт, аз 3006 донишҷӯе, ки аз таҳсили ғайриқонунии динӣ аз хориҷ ба Ватан оварда шуданд, 57 нафарашон дубора барои таҳсили ғайриқонунӣ ба хориҷ баргаштаанд.
Ноиби раиси Кумитаи дин афзуд, аз донишҷӯёни баргашта 66 нафарашон даст ба ҷиноят зада, феълан зиндонӣ мебошанд: “Аз ҷумла 25 нафарашон барои даст доштан дар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар дохилу хориҷ зиндонӣ шудаанд”.
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд ба мавзӯи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ дахл карда, гуфт, бояд ҳар чӣ бештар аз ин раванд ҷилавгирӣ шавад. Ӯ дар идома афзуд, “бояд шаҳрвандону ҷавонони худро эҳтиёт кунем, то роҳгумзада ба чунин роҳ нараванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |