Бахшҳо
14 янв 2016 10:50Тоҷикистон / Сиёсат

Президент хилофи демократия будани пешвои миллатро рад кард

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон изҳороти қаблии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академия, ки мафҳуми пешвои миллатро зидди арзишҳои демократӣ хонда буд, рад кард.

Раҳимӣ, имрӯз, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди изҳороти қаблии Марказ, ки эълони пешвои миллатро хоси низомҳои теократию авторитарӣ хонда буд, изҳор дошт, ки ин фикри шахсии ду нафар аз олимони марказ буд.

Президенти академия таъкид кард, ки феълан Маркази оянданигарӣ бо Пешвои Милат мувофиқ буда, ягон хел мухолифат надорад: “Тамоми Академияи илмҳо ҷонибдори пешвои миллат аст”.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз қабл аз қабули қонун дар бораи пешвои миллат, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи «пешвои миллат» дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат карда буданд.

Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, ки тарҳи мавзуи «Пешвои миллат» метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки “давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи «пешво» вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад. Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун «пешво» вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи «пешво» аз як тараф ҳамин гуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад”.
Мӯҳр
у
Вазифа азизтар аст е вичдон?

БА ХОТИРИ ДАР МАНСАБ МОНДАН "ТИМСОХАМ МЕПАРАД"!!"ШИР ХАМ СИЁХ МЕШАВАД"!!!....

Хар кучо ки мансаб аст, аз вичдон буе нест.
дар ягон гушаи дунё ба чуз аз кишвари диктатурии Казокистон "пешво"-и расми гуфтани гап вучуд надорад.

Озодагон акалан хамин шархамро чоп кунед! Маълум ки дар ин маказ хамаги ду олим будаст, бокия хамма косалесу лаганбардор. Боз ман гуфтам, ки рохбари ин маказ симои Хучанди дорат ва низ вичдон хам дорад. монеде.....
Дар шумо 2- олиму мондагит "джентльмен."

Ман манихо пешаи, Шайтон бувад,
Шахси хак,гу хар кучост, мард он бувад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)