Мавзуна дар Русия барои “даъват ба фаъолиятҳои ифротӣ” 100000 ҷарима шуд
Як ҷавондухтари 19-солаи Тоҷикистон дар Русия ба даъвати оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ дар Интернет муҷрим шинохта шуда ва 100 ҳазор рубли русӣ ҷарима шудааст.
Додситонии Русия мегӯяд, ҳукми Мавзуна Мазориеваро Додгоҳи шаҳрии Колчуг (вилояти Владимир) содир кардааст. Ба иттилои манбаъ, Мазориева бар асоси моддаи 280, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия (даъвати оммавӣ барои анҷоми амалҳои эктремистӣ бо истифода аз шабакаи Интернет) гунаҳкор шудааст.
Ба иттилои торнамои Додситонии Русия, “тафтишот муайян кардааст, ки аз моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон, ки муваққатан дар шаҳри Колчугино зиндагӣ мекардааст, зери таъсири маълумоти дар интернетбуда, ғояҳои Исломи радикалиро паҳн намуда, нисбат ба афроди ғайримусалмон ҳисси бадбиниро тарғиб мекардааст”.
Манбаъ мегӯяд, 12 августи соли 2015 Мавзуна Мазориева дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” саҳифаи худро таъсис дода, онро бо номи “Асмаа на пути Аллаха (Замужем)” сабт кардааст. Додситонӣ меафзояд, бо истифодаи телефони ҳамроҳ, ки ба Интернет пайваст будааст, дар саҳифаи худ наворҳои видеоиеро нашр кардааст, ки ба амалҳои зӯроварӣ даъват мекунад: “Мазориява ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |