АКС: Талоши зани тоҷик барои наҷоти кӯдакон дар сархати расонаҳои Аврупо
Наргис Раҳимӣ, як шаҳрванди Тоҷикистон дар Шветсия ба манзури кумак ба саломатии кӯдакони ҷаҳон созмони ғайридавлатиеро бо номи “Шифо” таъсис додааст.
Ин хонуми 30 солаи тоҷик соли 2008 аз сӯи донишгоҳи Каролинска ба кор даъват шудааст. Ӯ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “The Local” гуфтааст ҳамроҳ бо бародараш, ки қабл аз ӯ ба Шветсия рафтааст, даст ба кор шудаанд: “Чашмандози мо содда аст. Мехоҳем ба рӯзе бирасем, ки ягон кӯдак аз маризиҳо қобили пешгирӣ ранҷ набарад. Ин метавонад эмгузаронӣ накардани кӯдакон, нарасидани ғизо ва гузариши ВИЧ СПИД бошад”.
Ташкилоти хонум Раҳимӣ феълан дар Уганда ва Афғонистон фаъолият мекунад, аммо ӯ ният дорад, ки корашро дар дигар кишварҳо низ тавсеа диҳад. Наргис Раҳимӣ, низоми таваллудро дар Шветсия ва Тоҷикистон муқоиса карда гуфтааст: “Фарзанди аввалам дар Тоҷикистон ва дуввуми ман дар Шветсия таваллуд шуд, ки як таҷрибаи мутафовит буд. Ман дар Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷавоб ба саволҳои худ бисёр мехондам ва аз модарам ҳам мепурсидам. Дар Шветсия пизишки ман бароям китоб дод, ки тамоми маълумотро метавон аз он ҷо пайдо кард”.
Ин зани ҷавони тоҷик дар идомаи муоисаи шароити Тоҷикистону Шветсия аз фасоди густурда дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда афзудааст: “Шаффофият чизест, ки ман аз Шветсия гирифтам. Дар Тоҷикистон фасодро дар ҳама ҷо мебинӣ. Дар мактаб, дар ҷойи кор ва дар соҳаи тандурустӣ низ. Ин чиз зиндагиатро зери хатар меандозад ва нафрати касро меорад”.
Ба қавли Наргис Раҳимӣ: “Ҳамчун шахси оддӣ намедонӣ, ки чӣ гуна бояд бо ин қазия бархурд кунӣ, аммо вақте ки ба Шветсия омадам бисёр чизҳоеро дидам, ки метавон дар Тоҷикистон беҳбуд бахшид. Он ҷо ба ту мегӯянд, ки агар бемор шудӣ танҳо бояд ба худ ва ба оилаат такя кунӣ. Ин ҷо дар Шветсия ба низоми тандурустӣ бовар мекунӣ”.
Созмони ғайридавлатии Наргис Раҳимӣ аз сӯи сармоягузоронӣ дохилии Шветсия ва сектори хусусии ин кишвар ба монанди “Swedish Postkodlotteriet” ва “Бунёди Ikea”маблағгузорӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |