Вазорат: Касе барои ташхиси ҷасади Умаралӣ муроҷиат накард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд барои ташхиси Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5 моҳаи тоҷик, ки ба таври мармуз дар Русия фавтид, касе муроҷиат накардааст.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ имрӯз, 13 январ дар посух ба суолои “Озодагон” изҳор дошт, ки агар наздикони Умаралӣ лозим мешумориданду ба вазорат муроҷиат мекарданд, албатта вазорат ташхис мекард: “Худсарона ташхис кардан дар салоҳияти мо нест”.
Сабабҳои марги Умаралии панҷмоҳаро қаблан мутахассисони рус ситомегалавирус гуфта буданд. Дар ташхиси нав бошад, гуфта мешуд, гӯиё Умаралӣ чанд рӯз қабл аз интиқолаш ба пулис ба бемории парагрипп мубтало шудааст, аммо волидонаш ӯро муолиҷа накардаанд: “Дар баробари ин Умаралӣ ҳанӯз дар батни модараш бо ситомегаловирус сироят ёфтааст ва бемориҳо яке болои дигар зам шуда, бо марг анҷомидаанд”.
Наздикони Умаралӣ Назаров хостанд, бо ташхиси такрорӣ дар Тоҷикистон беасос будани иддаои ташхисгарони Русияро нишон диҳанд, аммо баъди соатҳои интизорӣ дар фурудгоҳ ҷасади ин кӯдаки 5-моҳаи тоҷикро ба деҳаи Сафеддорҳои бобои Валии ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод бурда, ба хок супориданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |