ВИДЕО: Ба номи шахс илова кардани мулло, халифа, суфӣ... манъ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул карданд.
Бар асоси ин тарҳ ба номи шахс пайванд кардани мулло, халифа, суфӣ ва шайх манъ аст. Шоҳмурод Рустам, вазири адлия аснои муаррифии лоиҳаи қонун ҳадафи онро бо назардошти фарҳанги миллӣ номгузорӣ кардани одамон унвон кард ва афзуд, бар асоси он тахаллус ва пасвандҳое, ки сабаби тафриқаандозӣ мешавад, манъ хоҳад шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон мегӯяд, Кумитаи забон ва Академияи илмҳо як феҳристи номҳоро таҳия ва онро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд. Аммо ӯ гуфт, номгузорӣ танҳо дар доираи ин феҳраст маҳдуд нашуда, шаҳрвандон метавонанд ба фарзандони худ номҳое, ки дар рӯйхат нестанду ба фарҳанги миллии тоҷикон мухолифат надоранд, гузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |