(ВИДЕО) Зевар Давлатзода: Орзу Исоев минбаъд коргардонӣ мекунад
Раҳбарияти муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” далели пахш нашудани барномаи “Маликаи хушхиром”-ро шикояту эродҳо дар расонаҳо гуфтанд.
Зевар Давлатзода, раҳбари ин шабака имрӯз, 13 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар пайи эрод ва шикоятҳое, ки дар васоити ахбори оммаи кишвар нисбат ба лоиҳаи “Маликаи хушхиром” нашр шуд, барномаро қатъ карданд. Аммо ӯ гуфт, шахсан дар ин барнома камбудиеро мушоҳида накардааст.
“Маликаи хушхиром” яке аз барномаҳои сербинандаи “Телевизиони Сафина” ба шумор мерафт, ки муҷрии он Орзу Исоев буд. Хонум Давлатзода афзуд, баъди қатъи барнома мухлисони зиёде тамос гирифта, хоҳиш мекунанд, он дубора пахш шавад. Раҳбари “Телевизиони Сафина” мегӯяд, ин лоиҳа аз сӯи ӯ пешниҳод гардид ва Орзу Исоев танҳо ровӣ буд.
Орзу Исоев, ки баъди раҳбари “Сафина” шудани Зевар Давлатзода дубора ба ин шабака баргашт, ба ҷуз аз “Маликаи хушхиром” барномаи дигаре бо номи “Ногуфтаҳо” ҳам дошт, ки низ чанд вақт шуд, пахш намешавад. Зевар Давлатзода дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” перомуни сару садоҳо дар мавриди “иҷозаи баромад наёфтани Орзу Исоев” гуфт, лоиҳаи “Ногуфтаҳо”-и ӯ ба анҷом расид: “Орзу Исоев ихтисоси коргардонӣ ҳам дорад ва тасмим ин шуд, ки минбаъд ба ҳайси коргардон фаъолият намояд. Лекин ин маънии онро надорад, ки ӯ аз эфир дур мешавад. Орзу журналисти хуб аст ва кори журналистиашро дар “Сафина” идома хоҳад дод".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |