Аз 1 миллион $ кӯмаки Покистон то баҳси CASA-1000 дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Осиф
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12 январ дар мулоқот бо Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Покистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот изҳор доштааст, ки нисбат ба ояндаи муносибатҳо ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон хушбин ҳаст ва тамоми кӯшишу талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ хоҳад дод.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ - сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 нақши басо муҳим дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони роҳҳои автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Покистон, ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими сарҳадоти мо бо Афғонистон ва мубориза бо терроризм баррасӣ карда шуд.
Дар охири мулоқот Муҳаммад Осиф ба Эмомалӣ Раҳмон хабар додааст, ки «бо дастури сарвазири Покистон Навоз Шариф мехоҳам ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Покистонро нисбати заминларзаи шадиди соли гузашта дар Бадахшон рухдода, ки дар натиҷаи он хисороти калон ба вуҷуд омад, расонам ва ҳамчунин кӯмаки башардӯстонаи Покистонро ба маблағи як миллион доллари ИМА пешниҳод намоям».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |