ВАО: Раҳбари ошӯбгарони Андиҷон 5 сол қабл дар зиндон фавтидааст
Акрам Юлдошев, яке аз раҳбарони ошӯби соли 2005 дар Андиҷони Узбакистон панҷ сол қабл дар сини 47-солагӣ дар зиндон фавтидааст. Дар ин бора як мансабдори узбак ба “Озодлик” хабар дода, аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ кардааст.
Як мақоми дигар гуфтааст, раҳбари созмони диннии “Акрамия” бар асари бемории сил ба ҳалокат расидааст. Ҳалокати Юлдошевро яке аз ҳомиёни ҳуқуқи узбак ҳам тасдиқ кардааст.
Акрам Юлдашев 17 феврали соли 1999 бо иттиҳоми терроризм боздошт шуд ва додгоҳ ӯро 17 сол равонаи зиндон кард. Баъди соли 2005 ба ҳеч яке аз наздикон иҷозаи дидор бо ӯро надодаанд.
Ҳангоми ҷараёни баррасиҳои судӣ Собир Муйдин, яке аз муттаҳамони ҳаводиси Андиҷон дархост кардааст, ки худи Акрам Юлдошевро ҳам ба толори додгоҳ даъват кунанд, аммо ин дархост иҷро нашудааст.
Соли 1998 Юлдашев бо иттиҳоми узвият ба “Ҳизби таҳрир” равонаи зиндон шуда, моҳи январи соли 1999 тибқи қонуни афв ба озодӣ мебарояд. Ӯро яке аз асосгузорони созмони динии “Акрамия” медонанд. Баъди ҳаводиси 16 феврали соли 1999 дар Тошканд Юлдашев дубора боздошт ва барои 17 сол ба маҳбас фиристода мешавад. Тобистони соли 2004 фаъолияти як қатор иттиҳодияҳое, ки ба ҳаркати “Акрамия” марбут буданд, манъ мешавад ва раҳбарони онҳо боздошт мегарданд. Гуфта мешавад, баъди ин Акрам Юлдашев аз зиндон барои раҳоии онҳо талош кардааст. Дар навори видеоие, ки ҳангоми баррасии парвандаи ҳаводиси Андиҷон ба намоиш гузошта шуд, Юлдашев иқрор мекунад, ки ҳамеша дар ҷараёни ҳаводисе буд, ки шаби 12 ба 13 майи соли 2005 дар шаҳр рух медод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |