Раҳбари Агентӣ: Аз рӯи аҳолӣ мансабдорон бештар аз Бадахшонанд
Ба омори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бештари хизматчиёни давлатӣ аз вилояти Хатлонанд.
Ҷумъа Давлат, раҳбари ин агентӣ дар нишасти хабарие дар Душанбе имрӯз, 12 январ аз навиштаи бархе расонаҳо дар бораи ба вазифаҳо таъин шудани сокинони асосан як маҳал интиқод кард. Ӯ гуфт, ин навиштаҳо асос надоранд. Оқои Давлат мегӯяд, аз рӯи таснифоти хизматчиёни давлатӣ 1618 нафар аз Бадахшон, 4500 тан аз Суғд, 7253 кас аз вилояти Хатлон, 1904 нафар аз Душанбе ва 3384 тан аз ноҳияҳои тобеи марказ ҳастанд.
Ҷумъа Давлат шарҳ дод, ки дар таносуб бо аҳолӣ мансабдорони давлатӣ бештар аз Бадахшонанд, чун ин вилоят аҳолии кам дорад.
Ба иттилои ӯ, дар маҷмӯъ теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 704 нафар мебошад, ки 22 дарсадашро занҳо ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |