Бахшҳо

(ВИДЕО) Посухи муфтӣ: Кабирӣ вақти салом чӣ гуфт ва чаро толорро тарк накардед?

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, имрӯз, 12 январ ба суоли хабарнигорон, ки “чаро вақти дидани Кабирӣ дар конфронси Теҳрон толорро тарк накардеду Кабирӣ вақти салом чӣ гуфт?” посух дод.

Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки аз ҷониби сафорати Тоҷикистон ба мо гуфтаанд, ки Эронро огоҳ кардаанд, то ягон намояндаи ҳизби террористии наҳзати исломиро ба конфронс даъват накунад. Ӯ гуфт, дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон дар наздаш яке аз бузургҳо Алӣ Акбар Вилоятӣ нишаста буд ва баъди 5 дақиқаи ҳузурашон дар толор оқои Кабирӣ низ ворид шудааст. Ӯ хостааст толорро тарк кунад ва сӯи сафир ишора кардааст, аммо ҷавобе нашунида, ночор дар ҷояш нишастаст.

Дар мавриди суҳбати Кабирӣ баъди саломкунӣ, Абдулқодирзода изҳор дошт, ки ӯ дар издиҳом даст дароз кард. Ба гуфтаи Абдулқодирзода Кабирӣ баъди дастдарозкунӣ баъзе эъродҳояшро баён карданӣ шудааст, аммо муфтии Тоҷикистон бо назардошти ҳузури намояндаҳои кишварҳои гуногун ва дастгоҳҳои зиёди наворбардорӣ дар толор изҳор доштааст, ин ҷо - ҷои баҳс нест: "Террорист аст, душмани миллат аст, ҳама чиз ҳаст, аммо дар байни садҳо камераҳо ва намояндагони миллатҳо даст дароз кард, мо даст додем, зеро даст дароз накардан ба фикрам аз фитрати инсонӣ берун мебуд. Баъзе эъродҳо баён кард, ки ман гуфтам худат беҳтар медонӣ ва ин ҷо-ҷои баҳс нест”.



Қаблан Тоҷикистон даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба Теҳрон маҳкум карда, онро хилофи дӯстӣ хонд. Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъаи гузашта Кабириро террористи рақами як хонда, Эронро ба пуштибонӣ аз ҲНИТ муттаҳам кард.

Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мӯҳр
щер
Аку навбати Саидмукарам.

САВОЛИ АСОСИ ИНЧОСТ,КИ КИ АЗ КИ БОЯД ХАЗАР КУНАД...

Ромиш
Офарин ба хабарнигоре ки хамин суолро додааст!!! Хайрият як ду журналист мондааст ки ба вокеият менигарад ва дуруст чаро толороо тарк накарданд!!

Dev
Баъзе эъродҳо баён кард, ки ман гуфтам худат беҳтар медонӣ ва ин ҷо-ҷои баҳс нест”.
HUdat behtar medoni,ki mo ham chorae digar, ba juz itoat kardani sistema

Km
Бояд чунин чавоб медод: Салом додан суннат аст ва чавоб гардонданд фарз.

Муфти бори Сафир мекуни, ХАмаро дарс медихи, худат дарс тайёр намекуни?

Забардаст
Дар муносиботи байнадавлатӣ низ принсипҳое аст, ки танҳо ба хотири нигоҳ доштани муносиботи хуб ва дӯстона бояд риоя шаванд. Вале вақте рафтори нофаҳмои раҳбарияти ҶИЭ-ро мебинем, ҳайрон мешавем, ки наход ба болои ҳама он захоири дӯстиву ҳамкории ҷойдошта хат кашанд ва дидаву дониста кӯшиши бад кардани муносиботро кунанд. Гарчанде тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҶИЭ Муҳиддин Кабирӣ барои ширкат дар ин нишаст "ба далели мамнӯъ будани ҳизбаш на чун намояндаи Тоҷикистон, балки ҳамчун меҳмони вижа" даъват шуда бошад ҳам, барои раҳбарияти сиёсии ҶИЭ танҳо эҳтиром нисбати мардуми тоҷик басанда буд, ки ба болои он дастовардҳое, ки дипломатияи тоҷику ирон тайи солҳои дароз ноил гаштаанд, "туф накунад".

Омузгор
Сутуни равобити дучонибаи сиёсию иктисодии ду давлати хамзабон – Эрону Точикистон мустахкаму кави буд. То имруз, хеч омиле мучиби халалдоршавии муносибати ин давлатхои хамдин нагардида буд. Таассуф, ки Президенти Чумхурии Исломии Эрон дидаю дониста душмани ошкорои Точикистон, чинояткори махуф – Мухиддин Кабириро дар конфронси «Вахдати исломи» даъват намуд. Ин дар холест, ки дар конфронс намояндагони расми аз Точикистон ширкат доштанд. Наход, то ин хад бадкасдона рафтор кард, ки шахси дар чустучуи ИНТЕРПОЛ карордоштаро оварда, бологузар бикуни? Вакте террорист озод дар дигар давлатхо мухтараму бологузар бошад, пас аз узвият дар ИНТЕРПОЛ чи фоидаест?

дил
ехе мукарам дил кашад аз чашми кур об меравад ай хандара 3туса хоб кардам

Шердил
кабири агар сухани дурушт нагуфта бошад ба хайр аст офарин ба Шумо ,ки натарсида бо террористи №1 салом кардед ва наздикаш нишастед.Ба Шумо ягон фалакат мешуд (худо нишон надихад ) мо бе Шумо чи кор мекадем.Соку саломат омадед ин давлати мост.


Эшони муфтӣ камсавод ҳам бошад, локин дуруст рафтор кардааст.
Сафир ҳушёрии сиёсиро аз даст додааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)