Таъини сардори нави милиса дар Ваҳдат баъди 4 моҳи ҳамлаи Ҳоҷӣ Ҳалим
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мувофиқа бо президент сардорони шуъбаи милисаи се ноҳияро иваз кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ бо фармони вазир полковник Мирзозода Абдураҳим Қурбон, сардори ШКД-и шаҳри Ваҳдат, полковники милитсия Почоев Барака Саломович, сардори ШКД-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва полковник Рашидзода Нуралӣ Ибод, сардори ШКД-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Таъини сардори нави милиса дар шаҳри Ваҳдат дар ҳолест, ки шуъбаи мазкур бомдоди 4 сентябри соли гузашта мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт, ки дар натиҷа 4 маъмури милиса ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳамларо, кори дасти ҷангиёни Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон арзёбӣ карданд, ки дар қасди табаддулоти давлатӣ дар кишвар муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |