Бахшҳо

Вазир баҳси супоришҳои президентро беодобӣ хонд

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, довталабонеро, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳояш бо мардум барои қабул дар донишгоҳҳои кишвар тавсия медиҳад, бечунучаро дохил карда мешаванд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз, 11 январ зимни посух ба суоли “Озодагон”, ки оё довталабҳои тавсиякардаи раисиҷумҳур аз санҷиш гузаронда мешаванд, изҳор дошт, ки супоришҳои президентро бечунучаро иҷро мекунад. Ӯ изҳор дошт, ҳар хизматчии давлатие, ки одоби хизматӣ дорад, супориши раҳбари давлатро масъалагузорӣ намекунад. Вазири маориф таъкид намуд, ҳамаи он нафароне, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд, донишу малакаи хуб доранд ва воқеан аълохону ниёзманданд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқотҳояш бо мардум дар навоҳии кишвар бархе аз ҷавонписарону ҷавондухтаронро интихоб намуда, ба вазири маориф дастур медиҳад, ки онҳоро ба ҳар ихтиссоси интихобкардаашон дар донишгоҳҳо дохил кунад.

Тибқи қоидаҳои дохилшавӣ танҳо аз холҳои гирифта ва натиҷаҳои тесту нишондодҳои компютер вобаста аст, ки довталаб ба кадом муасссиса ва ихтиссос қабул хоҳад шуд. Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо фаъолсозии Маркази миллии тестӣ таъсири омили инсонӣ кам шуда, тағобозию ба истилоҳ “через” аз байн меравад.
Мӯҳр
шахрванд
Мухтарам Вазир узр мехохам аввал.Бафикри ман ягон нафари тасодуфи нест,ки хеста гап занад хамаи онхо пеш аз баромадхояшон донишчуияшонро эхсос мекунанд...

Вазир дуруст гуфтааст ин берун аз одоби журналисти аст. чунки Президент дорои имкониятхои дигари ба мисли Квотаи президенти, квотаи Дурахшандагон ва маблагузори аз хисоби фонди махсуси президенд ки чавонони бо истеъдодро аз ин хисоб дар донишгоххои дохил ва хоричи кишвар тахсил медихад. Холо аз ин хисоб дар хорича зиёда аз 3000 чавонони точик дар хоричи кишвар тахсил менамояд.

Дохилшави ба донишгохо танхо аз холхои гирифтаи довталабон вобаста нест. бе маркази тести хам аз хисоби Квотахои президенти ба донишгоххо дохил мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)