Гузориши Раҳимӣ: Аз ихтироот то даҳҳо рисолаи докторӣ ва садҳо номзадӣ
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони ҳукумат, парлумон ва олимон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 гузориш дода, вазифаҳо дар соли 2016-ро мушаххас кардааст.
Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи улум, Раҳимӣ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ изҳор доштааст, ки соли гузашта барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 30 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ӯ ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои фаъолияти Академия дар соли 2015-ро 38 миллион сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Президенти Академия ҳисобот додааст, ки тайи соли 2015 14 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 3 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд: “Дар соли 2015 дар 23 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 353 рисола, аз ҷумла 40 рисолаи докторӣ ва 313 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар ин давра аз кормандони АИ ҶТ ҳамагӣ 23 рисола, аз ҷумла 3 рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |