Мудирияти Сирк: Мастона зинда аст ва саломатияш хуб мебошад (ВИДЕО)
Мастона Собирова, ҳунарпешаи ҷавони сирк, ки 10 январ зимни намоиш аз сақфи Сирки давлатии Тоҷикистон ба замин афтод, зинда аст ва феълан вазъи саломатиаш муътадил мебошад. Дар ин бора Бахтиёр Иззатуллоев, саркоргардони Сирки давлатии Тоҷикистон имрӯз, 11 январ ба ба “Озодагон” хабар дод.
Ӯ гуфт, Мастона Собирова ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад: “Духтурон тамоми ташхисҳоро гузаронда, вазъи саломатиашро хуб арзёбӣ карданд. Дар назар аст, баъди чанд рӯз аз беморхона рухсат шавад”.
Обидҷон Эргашев, ҳамсари Мастона ҳам ба “Озодагон” гуфт, вазъи ҳамсараш хуб аст: “Натиҷаи ташхиси рентгенӣ нишон дод, ки ягон устухони бадани Мастона нашикастааст”.
Навори сарозер шудани ҳунарпешаи ҷавони тоҷик дар сирки давлатӣ рӯзи 10 январ ба интернет роҳ ёфт. Дар ин навор Собирова ба тарафи шарики марди худ меҷаҳад, аммо ин мард наметавонад ӯро маҳкам бидорад.
Феълан дар Сирки давлатӣ ҳунарпешаҳои Сирки Украина ва Тоҷикистон намоиш нишон медиҳанд. Собирова, ки зимни намоиш осеб дид, шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамкори доимии ҳунарпешаҳои украинӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |