Даъвати Душанбе аз Корея барои иҷрои содиқонаи қатъномаҳои амнияти СММ
Тоҷикистон озмоиши бомби ҳидрогенӣ аз ҷониби Ҷумҳурии халқӣ-демократии Кореяро маҳкум намуда, ин кишварро ба иҷрои содиқонаи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид даъват кардааст.
Дар баёнияе, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, чунин озмоишҳо “боиси таассуфи амиқ аст ва ин гуна иқдомҳо на танҳо муҷиби афзоиши танишҳо дар нимҷазираи Корея мебошад, балки сулҳ ва амнияти ҷаҳониро низ ба чолиш мекашад”.
Вазорати умури хориҷӣ дар идома гуфтааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз изҳоротҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ҷоҳталабиҳои ҳаставии ҶХДК-ро маҳкум мекунанд, иброз дошта, ин кишварро барои иҷрои содиқонаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ ва идомаи музокироти созанда дар формати маъруфи шашҷониба даъват менамояд”.
6 январи соли равон мақомоти Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея (Кореяи Шимолӣ) дар бораи озмоиши нахустин бомбаи ҳидрогенӣ хабар дода, гуфт, “ин озмоиш маънии ба сатҳи болотари неруҳои ҳастаӣ расидани ин кишвар шаҳодат медиҳад”.
Ба дунболи ин хабар чандин кишвар, бо шумули Амрико, Русия, Чин Кореяи Шимолиро шадидан маҳкум карданд. Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирорӣ баргузор карда, дар қатъномаи он ташдиди чораҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ пешбинӣ гардид.
Иқтидори бомбаи ҳидрогенӣ аз бомбаи ҳастаии муқаррарӣ 3-4 баробар бештар гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |