Муфтӣ Кабириро террористи №1 хонд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз, 8 январ зимни мавъизааш дар намози ҷумъа бори дигар аз иқдоми Эрон, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба конфронси байналмилалӣ даъват кард, интиқод намуд.
Ҷаноби Абдулқодирзода зимни мавъизааш дар намози ҷумъа изҳор дошт, даъвати сафири Эронро барои иштирок дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” бародар ва дӯстона қабул кард, аммо ба гуфти ӯ, ҷониби Эрон хилофи дӯстӣ амал намуда, "Муҳиддин Кабирӣ, террористи рақами 1, раҳбари ошӯбҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистонро дар паҳлӯи ҳайати тоҷикистонӣ шинонд".
Муфтии Тоҷикистон гуфт, дар пайи ин амалкард бо ташкилкунандаҳои конфронси "Ваҳдати исломӣ" суҳбат карда, таъкид намудааст, ки 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ҳаминҳо кушта шуд ва Кабирӣ ошӯбҳои моҳи сентябрро роҳбарӣ кардааст. Абдулқодирзода таъкид намуд, ки билохира фаҳмидаанд, ки "дар пушти ин ҳизб, кӣ меистаду кӣ маблағгузорӣ мекунад".
Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Даъвати Кабирӣ ба ин ҳамоиш бо интиқоди Душанбе рӯбарӯ шуд. Вазорати умури хориҷӣ ба сафири Эрон дар Тоҷикистон "нота" супурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |