Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и аҳолии Тоҷикистон мушкили барқ доранд
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ изҳор доштааст, ки 70%-и аҳолии Тоҷикистон мушкили барқ доранд.
Тибқи иттилои ин ниҳод камбуди барқ дар мавсими зимистон беш аз 2 ҳазор гигават/соатро ташкил медиҳад: “Баъди соли 2009, ки Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна ҷудо карда шуд, маҳдудият ва қатъи интиқоли барқ афзоиш ёфтааст”.
Ин ниҳоди молӣ таъминот бо барқро яке аз омилҳои асосӣ барои рушди соҳибкорӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон хондааст.
Қаблан Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ, зери унвони “Пешбурди тиҷорат 2016” изҳор дошт, ки сатҳи таъминот бо барқ дар Тоҷикистон тайи як соли охир бадтар шуда, аз рӯи дастрасӣ ба нерӯи барқ кишвари мо миёни 189 давлати дунё дар ҷои 177-ум қарор дорад: “Соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи таъминот бо барқ дар зинаи 176-ум ҷой гирифта буд”.
Гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки тибқи мониторинги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мардуми навоҳии кишвар дар як шабонарӯз аз 5 то 8 соат бо барқ таъмин мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |