даромад
Бақайдгирӣ
Асосӣ
Осиёи Марказӣ
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Туркманистон
Узбакистон
Сиёсат
Иҷтимоӣ
Иқтисодӣ
ФАРҲАНГ
ВАРЗИШ
ВАРЗИШ 2015
ВАРЗИШ 2013
ДИДГОҲ
Видео
Cаҳифаҳои вижа
Муҳоҷир
Таърихи як рӯз
Зайд Саидов
Бахшҳо
08 янв 2016 09:02
Тоҷикистон
/
Сиёсат
/
Дидгоҳи хос
Дар орзуи “ҷомеаи тангемӣ”
Иршод СУЛАЙМОНӢ
“Ҳар орзу бо худ неруи заруриеро барои мавҷудияташ ба ту мебахшад. Ин чиз имконпазир аст, танҳо лозим мешавад, ки заҳмат бикашӣ”.
Ричард Бах
“Ҷомеаи тангемӣ”. Касоне ки бори аввал ин ибораро мешунаванд шояд ба фикр фурӯ мераванд, ки ин боз кадом назарияи фалсафиест. Шояд назарияи фалсафӣ ҳам бошад. Аммо асосгузори ин назария
Ҷамшеди Ҳалим
, ҳаҷвнигори тоҷик аст, аз барномаи “Лаҳзаҳои гуворо”. Ҳамагон саҳнаи “тангем яке пайдо мешава”-ро хуб дар хотир доранд.
Вазъи ноҷӯри иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавзӯи меҳварии баҳси ҳама нишастҳост. Ҳама дар бораи он фикр мекунанд ва вазъиятро бар асоси далел, рақам, таҳлил ва баррасиҳое, ки доранд, пешгӯйӣ кунанд. Мо ҳам бо дӯстон ҳамеша дар ин маврид гуфтугӯ дорем. Нигарони сарнавишти минбаъдаи ҷомеа ҳастем. Дар як чунин баҳсҳо яке аз дӯстон, ки аз ҳама беш эҳсосӣ суҳбат мекард, нохудогоҳ гуфт, ки ман боварӣ дорам ҳамааш хуб мешавад. Гуфтем чӣ тур? Бо кадом роҳ? Чӣ гуна, охир? Гуфт, намедонам, вале мешавад. Якбора. Мисли тангем. Аз инҷо ибораи “ҷомеаи тангемӣ” пайдо шуд.
Намедонам, боз дар Тоҷикистон чӣ касони дигаре ба “ҷомеаи тангемӣ” бовар доранд. Хусусан, ман, бовар надорам. Эй кош, мешуд бовар кард! Зеро ин муъҷиза аст. Муъҷиза хоси пайғамбарон аст. Дар замони мо пайғамбар нест. “Ло набия баъдӣ”!
Ҳарчанд ба пайдоиши “ҷомаеи тангемӣ”, яъне як ҷомеаи ободу садфоиза, ки яку якбора пайдо шавад бовар надорам, вале дар орзуйи чунин як ҷомеа мебошам. Дӯсти мо ба пайдоиши ин гуна ҷомеа бовар дошт. Ва мисли ману он дӯст садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба пайдоиши чунин як ҷомеа бовар доранд ё дар орзуйи он мебошанд. Мардумро чӣ барои доштани чунин як орзу водор кардааст? Орзу хайёли ширинест, ки метавонад ба воқеият табдил шавад. Вале дар 99 дар сади маворид орзуҳо таҳаққуқ пайдо намекунанд. Дар сатҳи рӯъё боқӣ мемонанд. Афсӯс!
Ин ки Тоҷикистон дар буҳрони иқтисодии ҳозир гир мондааст ва дасту почак мезанад, ҷойи баҳс надорад. Аммо роҳандозӣ нашудани стратегияҳои умедворкунанда мардумро орзупараст кардааст. Зеро ҳама медонем, ки орзу зиндагии талхтаринро ҳам барои лаҳзае ширин мекунад.
Мирсаид Миршакар
ҳам бо ҳамун қади дарозу ақли зарифаш гуфта буд, ки
“зиндагӣ, бе орзу ширин набуд ва зиндагиро орзу ширин намуд”.
Пеш аз ҳама, яке аз сабабҳои аслӣ, ки буҳрон моро нафастанг кард ин вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирин мебошад. Бо дар “рӯйихати сиёҳ”-и кишварҳои ғарбӣ уфтодани Русия (сарнавишти кишвари бузурге мисли Русия имрӯз аз “настроение”-и шахсии як кас вобаста аст) ва бад гаштани вазъи иқтисодии он кишвар ҳоли мо бадтар шуд. Инро ҳама медонанд, ки иқтисоди мавҷуди заъифи Тоҷикистон бар пояи пули муҳоҷирон дар тамоми давраи истиқлол гардон аст. Вале дар ин қадар муддат барои кам кардани вобастагии иқтисод аз пули муҳоҷирин чаро кори кам нашуд ва агар ҳам шуд чаро муассир набуданд?!
Ин вазъ ба ёд як муамморо меоварад. Мушу лаклак ҷанг кардаанд, дандони уштур шикастааст. Хар гунаҳкор. Чаро?
Русия бо Ғарб мушкил дорад, ранҷро мо мекашем. Чаро?
Мардум шояд ба ин суолҳо посух ҳам дошта бошанд. Зеро савол, ки бисёр шуд ба он бояд посух ҷӯст. Вале як ҷиз дақиқ аст, ки бидуни дониш, таҷрибаҳои вуҷуддошта, тарҳрезиҳову барномарезиҳои мушаххас ва иродаи қотеъ наметавон ба “ҷомеаи тангемӣ” расид. Мансабдорони мо вақте соҳиби мансаб мешаванд худи онҳо зуд ба ин “ҷомеа мерасанд”. Яку якбора зиндагиашон хуб мешавад. Соҳиби қасру шаҳомату тиҷорату дороӣ мешаванд. Албатта бе барномарезӣ, бетаҷриба ва то ҳатто бедониш. Вале барои мо ба “ҷомеаи тангемӣ” расидани мансабдорон не, балки ба ин гуна ҷомеа расидани Тоҷикистон муҳим аст. Ба ин гуна ҷомеа расидани мансабдорон мардуми моро хушбахт намекунад, вале агар Тоҷикистон дар кулл бирасад, мардум саъодатманд мегарданд.
Ҷомеаи босубот он аст ки мардумаш бо бовар барои ояндаи гулгулшукуфои он бингаранд ва ба сӯйи он қадам бизананд. Ҳамин гуна як боварро бибинанд ва онро битавонанд, ки ламс кунанд, вагарна орзупараст мешаванд. Мушкилотро ҳал кардан намехоҳанд, роҳҳалҳои онро ҷустуҷӯй намекунанд, дониш ва таҷрибаро истифода намебаранд. Инро як кори ношуданӣ медонанд. Вале думболаи орзу мераванд. Орзу, ки ҳеч вақт худи ба худ ба воқеият табдил намеёбад, таҳаққуқ пайдо намекунад, агар барои таҳаққуқ пайдо кардани он талош сурат нагирад. Вале мо имрӯз думболаи гунаи дувум ҳастем. Коре, ки ҳақиқатан ношуданӣ аст. Бисёр бад аст, вақте, ки мо кори воқеан мешуданӣ (ҳал кардани мушкилот)-ро канор гузоштаву кори намешуданӣ (орзупарварӣ)-ро интихоб кардаем...
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Фосила аз журналистон. “Бадбинӣ” барои чӣ?
Рӯшанфикр ва сарнавишти миллӣ (бо баҳонаи дидори раисҷумҳур бо фарҳангиён)
Иброҳим Усмонов: “Либос набояд ченаки ақлу фаросат бошад"
Мауллим
Ман ҳам ҳамин орзӯродорам. Шояд рӯзе расаду Тоҷикистон аз буҳрон раҳо шавад!
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Андалеб
Орзуи мардуми Тоҷикистон ҳар чӣ тезтар халос шудан аз мансабдорони тангназари бесаводи маҳалгаро аст, додари азизам Иршодҷон. Валлоҳ ки рост мегуям.
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Собир
Мушу лаклак ҷанг кардаанд, дандони уштур шикастааст. Хар гунаҳкор. Чаро?
вакте ба хамин савол чавоб ёбед, он гох вокеан чомеаи мо хам "яке пеш меравад"
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Эгам
Дар Тоҷикистон як буҳрон аст - буҳрони кадрӣ! Ягон ҷомеаи тангемӣ ва ё тангем кӯмак наметавонад кунад.
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
асал
бехтарин макола.. гап нест устодчон
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Саида
Устод, ман фикр кардам, ки Шумо хамчун як зиёии кишвар, равшанфикр, ягон рохи хар чи зудтар баромадан аз бухрони иктисодиро пешниход мекунед, ки орзу монанди пайдошавии тангем мешавад. Вале, афсус... ин суханхои шуморо .....хар бегох кампири момоям мегуяд ва он кас хам ягон рохро пешкаш намекунад.
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
хак
Устод гуфтед, мушкилие, ки байни Русия ва Аврупо шудаистодааст, аммо бадбахти ба сари мо меояд, ман мегуям то он даме ки мо ба Русия ба хайси буфер хизмат менамоем мо наметавонем, талаботу манфиатхо худро на дар минтака балки дар дохили давлати худамо хифз намоем
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Student
Бехтарин макола, акаи Иршод Сулаймони!!! Ба шумо мувафакият хохонам.
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Али
"Будущее принадлежит тем, кто верит в красоту своей мечты". Лев Толстой
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Кокали
Иршодеее. Аз хамин насиханхониат намонди. Охир, ин гапхоро ХАМА медонад, вале ЧОРА ЧИ? Шаф-шаф-шаф....
как всегда
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
шогирд
Устод росташро гуям ин масъалае ки Шумо проблемабардори намудаед 10маротиба хондам хес чиз нафахмидам ки чиро мехохед ибрози назар кунед. Чизе мехохед гуфтан, вале муайян не чи мегуед.
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
модар
Мауллим
,
Мауллим
,
Эй бародар гам махур. Ба ояндаи гул-гулшукуфии точикистон бовар кун
Ҷавоб диҳед
Иқтибос
Шикоят
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо
10:09
Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!
09:49
БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...
15:34
Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?
14:16
“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам
10:27
Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ
11:57
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад
11:05
Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард
10:38
АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе
11:51
Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ
15:46
100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд
13:21
Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)
11:18
Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!
09:33
Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд
08:01
Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
07:44
матлаби бештар
АХБОРИ ҶОЛИБ
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо
10:09, 04 ноябр 2017
Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!
09:49, 04 ноябр 2017
БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...
15:34, 03 ноябр 2017
Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?
14:16, 03 ноябр 2017
матлаби бештар
ТАҚВИМ
«
Апрел 2025 »
Душ
Сеш
Чор
Пан
Ҷум
Шан
Якш
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)
Май 2017 (297)
Апрел 2017 (281)
Март 2017 (215)
Феврал 2017 (254)
Январ 2017 (287)
Декабр 2016 (292)
Ноябр 2016 (289)
Октябр 2016 (316)
Сентябр 2016 (308)
Август 2016 (331)
Июл 2016 (342)
Июн 2016 (375)
Май 2016 (350)
Апрел 2016 (367)
Март 2016 (349)
Феврал 2016 (397)
Январ 2016 (402)
Декабр 2015 (346)
Ноябр 2015 (263)
Октябр 2015 (364)
Сентябр 2015 (377)
Август 2015 (415)
Июл 2015 (541)
Июн 2015 (477)
Май 2015 (420)
Апрел 2015 (457)
Март 2015 (508)
Феврал 2015 (480)
Январ 2015 (484)
Декабр 2014 (409)
Ноябр 2014 (379)
Октябр 2014 (350)
Сентябр 2014 (440)
Август 2014 (429)
Июл 2014 (508)
Июн 2014 (457)
Май 2014 (446)
Апрел 2014 (450)
Март 2014 (420)
Феврал 2014 (465)
Январ 2014 (478)
Декабр 2013 (479)
Ноябр 2013 (497)
Октябр 2013 (492)
Сентябр 2013 (591)
Август 2013 (537)
Июл 2013 (616)
Июн 2013 (488)
Май 2013 (601)
Апрел 2013 (486)
Март 2013 (432)
Феврал 2013 (249)
Январ 2013 (347)
Декабр 2012 (341)
Ноябр 2012 (394)
Октябр 2012 (360)
Сентябр 2012 (370)
Август 2012 (360)
Июл 2012 (329)
Июн 2012 (402)
Май 2012 (446)
Апрел 2012 (531)
Март 2012 (376)
Феврал 2012 (346)
Январ 2012 (327)
Декабр 2011 (337)
Ноябр 2011 (389)
Октябр 2011 (466)
Сентябр 2011 (456)
Август 2011 (425)
Июл 2011 (506)
Июн 2011 (470)
Май 2011 (481)
Апрел 2011 (5)
Идома/Бозгашт
ДИДГОҲИ ХОС
Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд
08:01, 24 октябр 2017
Хачатуров гуфт, барф Тоҷикистонро аз террористон эмин медорад
10:14, 20 октябр 2017
“Разбор”-у теғкашии маргбори табибони оянда дар Душанбе
11:04, 19 октябр 2017
Тавсифи Зуҳуров аз сабри мардум ва тавсияи Нурмуҳаммадзода: Ба суд муроҷиат кунанд...
14:54, 18 октябр 2017
(АКС+ВИДЕО) Фурӯшандаҳои бозори “Саховат”: Севарой ва фарзандонаш дар кӯча зиндагӣ доранд
14:21, 18 октябр 2017
ВИДЕО
БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...
БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Чун гург масту бехабар аз хеш мегардам...
(АКС+ВИДЕО) Фурӯшандаҳои бозори “Саховат”: Севарой ва фарзандонаш дар кӯча зиндагӣ доранд
МИНБАРИ ШУМО
Ҷавоби расмии Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ, ба матлаби "Озодагон"
Номаи муҳоҷирон ба сафир... баъд аз иддаои Каромат Шарифов
Талаби истеъфои вазири тандурустӣ аз сӯи шарҳнависон
Сайидзода: Ба косташавии ахлоқ худамон гунаҳкор ё интернет?
даромад
Бақайдгирӣ
/
Ҳама чизро фаромӯш кардед?
или через: