Интерпол: Тоҷикистон аз кишварҳои пештоз дар ҷустуҷуйи шаҳрвандонаш аст
Тоҷикистон яке аз кишварҳое будааст, ки аз ҳама беш шаҳрвандонашро таҳти пайгарди байналмилалӣ ва ё ҷучтуҷӯйи пулиси байналмилалӣ қарор додааст.
Бар асоси оморе, ки Созмони пулиси ҷинойии байналмилалӣ (ИНТЕРПОЛ) нашр кардааст, Тоҷикистон бо дар ҷустуҷӯй қарор додани 160 шаҳрвандаш яке аз кишварҳоест, ки аз ҳама беш шаҳрвандонашро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ Украина, Белорус, Русия, Қирғизистон ва Озорбойҷон ҳам баробар бо Тоҷикистон 160 шаҳрванди худро дар ҷустуҷӯйи пулиси байналмилалӣ гузоштаанд.
Торнигори Созмони пулиси ҷинойии байналмилалӣ гуфтааст, ки шаҳрвандони ин кишварҳо барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун мавриди пайгард қарор гирифтаанд.
Гурҷистон 135 шаҳрвандашро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дода, дар раддабандӣ мақоми 5-умро гирифтааст. Узбакистон мақоми 11-ум (96 нафар), Қазоқистон мақоми 23-юм (65 нафар), Молодова мақоми 28 (54 нафар), Араманистон мақоми 33-юм (43 нафар), Литва мақоми 45-ум (22 нафар), Эстония мақоми 56-ум (10 нафар), Туркманистон ва Латвия дар мақоми 59 (7-нафарӣ)-ро ишғол кардаанд. Ҳамчунин дар омори Интеропол кишварҳое низ ҳастанд, ки ягон шаҳрванди худро таҳти пайгарди ҷаҳонӣ қарор надодаанд. Дар маҷмуъ бар асоси иттилои сомонаи Созмони пулиси ҷиноии байналмилалӣ 8 507 нафар аз кишварҳои гуногун дар ҳоли ҳозир мавриди ҷустуҷӯй қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |