Пулис: Аъзои як оила дар Кӯлоб аз истеъмоли помидору бодиринги шӯр фавтидаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари истеъмоли хӯришҳо аз помидору бодиринги шӯркадашуда 5 узви як хонавода дар Кӯлоб заҳролуд шуда, се нафарашон ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод 4 январи соли равон тахминан соати 16:30-дақиқа сокинони маҳаллаи Борбади шаҳри Кулоб - Бадараева Шарифамоҳ Бедиловна соли таваллудаш 1954, бо ҳамроҳии фарзандонаш – Гулчеҳраи 31-сола, Рустами 26-сола, Тоҷиниссои 32-сола ва ва набераи ноболиғаш Кабирова Гулнисо Аюбовна, соли таваллудаш 2007 дар пайи истеъмоли ғизо ва хурришҳои аз помидору бодиринг шур омодашуда, заҳролуд гардидаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар натиҷа 5 январ Одинаева Гулчеҳра дар хонаашон ба ҳалокат расидааст: “Рӯзи 6-уми январ бошад, шаҳрванд Бадараева Шарифамоҳ дар ҳолати вазнин бо фарзандонаш, Одинаев Р, Одинаев А, Одинаева Т. ва наберааш Кабирова Гулнисо дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Мақомоти пулис мегӯянд, худи ҳамон рӯз 6 январ Бадараева Шарифамоҳ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Манбаъ мегӯяд, ноболиғ Кабирова Гулнисо баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз беморхона ҷавоб дода шудааст, аммо дар хонаашон ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |