Ҳалокати мансабдори ҷавон бо се дӯсташ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6 январ бар асари як садамаи нақлиётӣ дар Душанбе чор нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 27-солаи “Хундай-Серви”, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷангалак, дар рӯ ба рӯи бинои истиқомати №28-и маҳаллаи Деҳнаваки поёни ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хубей” бархӯрдааст. Ба иттилои манбаъ мошини “Хубей” низ таҳти идораи сокини 44-солаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштааст: “Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи автомашинаи “Хундай-Серви” ва мусофиронаш мардони 27-сола, 30-сола ва 31-сола, ки ҳамааш сокинони ноҳияи Б.Ғафуров будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, яке аз мусофирони ҳалокшуда дар садама Мансур Тоҷиев, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мебошад, ки имрӯз, 7 январ бояд 30-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |