ВИДЕО: Гиряи Обама вақти суҳбат дар бораи кӯдакони қурбони силоҳфурӯшӣ
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, 5-уми январ изҳор дошт, ки ҷомеаи Амрико бояд ҳимоятгарони силоҳфурӯширо шикаста, назорати силоҳфурӯширо шаддид кунад.
Обама зимни суҳбат аз кӯдакони қурбонии силоҳфурӯшӣ дар иёлоти гуногуни Амрико ашк резонда, таъкид намуд, ки “ин оилаҳо ҳеч гоҳ фикр намекарданд, ки кӯдаконашон аз тири силоҳ ҳалок мешаванд. Ҳар боре, ки дар ин бора фикр мекунам, маро хашм фаро мегирад. Мо бояд аз конгресс талаб кунем, ки алайҳи лобии силоҳфурӯшҳо ҷасур бошаду моро ҳимоят кунад”.
Аввали соли равон бо фармони Обама назорати фурӯши силоҳ дар ИМА шиддат ёфта, 10 меъёри нав ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла афроде, ки ба фурӯши силоҳ машғуланд бояд ҳатман сабти ном шаванду иҷозатнома гиранд. Омӯзиши хислату собиқаи харидорони силоҳ аз талаботи дигари ҷадид дар Амрико мебошад.
Тибқи омори расмӣ соли 2015 бар асари ҳамлаи мусаллаҳона дар ҷойҳои ҷамъиятии Амрико 40 нафар кушта ва 42 нафар маҷруҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |