Бахшҳо

Бег Зуҳур: Буҳрон даромади мизоҷон ва соҳаи алоқаро кам кард

Бег Зуҳур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти соли 2015 хабар додааст, ки соли гузашта даромади умумии соҳа 2 миллиарду 667 миллион сомониро ташкил додааст, ки баробари 99,7%-и нишондоди соли 2014 мебошад.

Тибқи иттилоияи расмӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки 5 январ бо ҳузури Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон баргузор шуд, Бег Зуҳур сабаби асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми хизматрасониҳои соҳаи алоқаро ба буҳрони иқтисодӣ рабт додааст. Ба гуфтаи раиси Хадамоти алоқа бо тадриҷан коҳиш ёфтани даромади муштариён ҳаҷми истифодаи хизматрасониҳои алоқа низ рў ба коҳиш ниҳодааст: “Саҳми операторони хусусӣ дар бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2015 2 миллиарду 540,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли 2014 0,8 % кам мебошад”.

Аммо дар баробари ин Б.Зуҳур аз пешрафт дар корхонаҳои тобеяш гузориш додааст: “Аз ҷумла ҶСК «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи Тоҷик» ва КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ» фаъолияти худро мутаносибан бо нишондиҳандаҳои 111,5%, 110,9 % ва 108,6% нисбат ба соли 2014 ҷамъбаст намуданд”.

Азим Иброҳим дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Бег Зуҳурро муваззаф намудааст, ки ба иҷрои супориши ҳукумат дар бораи насби телефонҳои хонагӣ ва зиёд намудани истифодабарандагони он чораҳои иловагиро андешанд. Ноиби сарвазир инчунин хостори сари вақт дастрас намудани рўзномаю маҷаллаҳо ба ноҳияҳои дурдаст шудааст. Ӯ таъкид днамудааст, ки рўзнома ва маҷаллаҳои расмӣ дар баробари пур кардани фазои иттилоотии мамлакат, ҳамчунин инъикоскунандаи воқеии сиёсати давлатӣ низ мебошанд ва аз ин хотир мушкилот дар дастрас намудани онҳо бояд ҳарчӣ зудтар бартараф карда шаванд.

Азим Иброҳим инчунин барои фаро гирифтани водии Бартанги Бадахшон бо алоқаи мобилӣ дар соли 2014 ва оғози корҳои пайвасткунии дастгоҳҳои мобилӣ дар деҳаи Ғудараи ин водӣ дар охири соли соли 2015 ва аввали соли 2016 изҳори сипос намудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)