Дастури Э.Раҳмон: Аз Ваҳдат дар Хоруғ то 4 рӯзи ҷашни 25-солагии Истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат масъулини тоҷикро муваззаф намудааст, ки ҷашни Ваҳдат ва 25-солагии Истиқлолияти давлатиро дар соли 2016 бо шукуҳи хоса пешвоз гиранд.
Тибқи қарори ҳукумат ҷашни Ваҳдат дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Раиси ҳукумат мақомоти маҳаллии Бадахшон ва вазорату идораҳои давлатиро муваззаф намудааст, ки ин ҷашнро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.
Инчунин бо қарори ҳукумат имсол 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 4 рӯз-аз 8 то 11 сентябр таҷлил мешавад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз 8 то 11 сентябр дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор гарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |