Эътирози уламои тоҷик алайҳи Эрон ва посухи Кабирӣ: Аврупо ҳам маро даъват кард...
Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар эътироз ба иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон таъкид намудааст, ки чунин иқдом метавонанд боиси эҷод гардидани нобоварӣ миёни ду давлати бо ҳам дӯст гарданд.
Раёсат ва кормандони донишкадаи исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки “имрӯз бояд Ҷумҳурии исломии Эрон мавқеи худро нисбат ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо мушахас намояд, то сӯи тафоҳум дар байни мардуми дӯсту ҳамзабон ба миён наояд ва ҳамкории мардум дар фазои дӯстию бародарӣ, амнияту осудаҳолӣ ва бо муҳабату якдигарфаҳмӣ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ ва дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, диниву фарҳангӣ ва ғайра ҷараён дошта бошад”.
Омӯзгорони Ислом дар Тоҷикистон бори дигар таъкид караанд, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад: “Дар замони муосир муассисони аҳзобу ҷараёнҳои ба ном исломӣ комилан бо номи дину диндорӣ аз минбарҳо баромад намуда, худро ворисони ҳақиқии дини мубини Ислом мепиндоранд ва даъво мекунанд, ки аҳли дину диёнат буда, ҷуз онҳо касе вориси аслӣ намебошад. Онҳо мардумро бо таълимоти авомфиребона, шиорҳои зоҳирфиреб, ҳилаву макри ошкору пинҳон, ваъдаҳои шоҳонаи дарунхолӣ саргарм намуда, дини мубини Исломро ҷомаи сиёсӣ пӯшонидан мехоҳанд.”
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо супоридани нота ба сафири Эрон дар Душанбе аз даъвати Кабирӣ ба Теҳрон эътироз намуд.
Худи Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо сомонаи Sunnionline, пойгоҳи хабарии аҳли суннати Эрон, вокуниши мақомоти тоҷикро бачагона ва тааҷҷубовар хондааст: «Хеле ҷойи таъаҷҷуб аст, ки Вазорати хориҷаиТоҷикистон расман сафири Эронро эҳзор карда ва нутқи эътирозиашро ба хотири ширкати мо дар ин конфронс, ба вай иблоғ кардааст. Бисёр кори баччагона аст. Ман дар донишгоҳҳои урупоӣ суханронӣ мекунам, моҳи оянда дар ду донишгоҳи урупоӣ суханронӣ дорам. Мақомоти кишвар ҷасорат надоранд нутқи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд, вале чун медонанд, ки Эрон кишваре исломӣ ва форсизабон аст, ҷуръат пайдо карданд, ки эътироз бикунанд».
Ин дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи ҷавонони тоҷик бо баргузории ҳамоишҳо дар назди сафоратхонаҳои Олмону Амрико истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Абдумалик Абдуллоҷонв, собиқ сарвазир ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҷунбиши “Ватандор”-ро талаб намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |