Бахшҳо
06 янв 2016 08:21Тоҷикистон / Сиёсат

Саъдӣ Ворисов: Ҷангҳои идеологӣ ва ақидатӣ оқибатҳои пешбининашавандаи вахиме доранд

Арабистони Саудӣ шанбеи ҳафтаи гузашта 47 нафар, бо шумули Шайх Намр, руҳонии маъруфи шиаро бо иттиҳоми ҷурмҳои террористӣ эъдом кард. Дар Теҳрону Машҳад гуруҳе ба сафоратхона ва консулгарии Арабистони Саудӣ ҳамла карданд. Риёз аз қатъи равобити сиёсӣ бо Эрон хабар дода, дипломатҳояшро аз ин кишвар берун кард ва ҳам ба дипломатҳои эронӣ 48 соат муҳлат дод, то хоки Арабистонро тарк кунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ мегӯяд, танишҳо миёни Риёзу Теҳрон ба нафъи ҳеч кишваре нахоҳад буд. Дар робита “Озодагон” аз коршиносон пурсид, ки ТАНИШҲО МИЁНИ ЭРОНУ АРАБИСТОН ЧӢ ПАЙОМАДЕ БА ТОҶИКИСТОН ДОШТА МЕТАВОНАД?


Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос

Аслан танишҳои ин ду кишвар набояд ҳеч таъсири мустақиме ба Тоҷикистон медошт, аммо баъзе тасодуфҳое, ки дар ин авохир рӯй дод, ҳатман нақше дар равобити ҳардуи ин кишвар хоҳад дошт. Ширкати раиси ҲНИТ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) дар конфронси Эрон ва бозтоби густардаи он дар расонаҳо, нодида гирифта шудани “нота”-и Тоҷикистон аз тарафи Оятуллоҳ Хоманаӣ, иттиҳомот ба Эрон аз минбари масоҷид ва сафари раисҷумҳур ба Арабистони Саъудӣ, тасодуфан ба як замон рост омаданд. Болои ин зимни дар Арабистон қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дипломатии Саъудиву Эрон қатъ шуд. Албатта ҳеч як аз ин ҳаводис дар алоҳидагӣ наметавонист ба муносиботи ин ду кишвар бо Тоҷикистон таъсире дошта бошад, аммо ҷамъшавии ҳамаи онҳо ҳатман Тоҷикистонро ба ин бозӣ ворид хоҳад кард. Эрон ғайричашмдошт муносибаташро ба қазияи ҲНИТ тағйир дод, ки ҳукуматро нороҳат кард. Дар ин замон расонаҳо аз дархости Тоҷикистон барои воридшавӣ ба иттиҳоди низомии исломӣ хабар доданд ва Раҳмон ба Саъудӣ рафт. Мақомоти Арабистони Саъудӣ ҳам ҳатман кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки аз ин сардии пайдошуда байни Тоҷикистону Эрон истифода кунанд. Ҷалби Тоҷикистон ба иттиҳоди исломӣ барои онҳо хеле муҳим аст. На аз он ҷиҳат, ки масалан Тоҷикистон қудрати низомӣ аст, балки воридшавии як кишвар аз Осиёи Миёнаи собиқ Шӯравӣ аз нигоҳи стротежӣ ва геополитикӣ мақоми ин иттиҳодро болотар мебарад. Бинобар ин баъид нест, ки ба зудӣ шоҳиди тағйироте дар муносиботи Тоҷикистон бо ин ду кишвар шавем.

Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки дар байни ду кишвари мусалмонӣ набояд, ки танишҳо бошанд. Мо орзуи онро дорем, ки миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ аз нуқтаи назари манфиатҳои исломӣ ва умумимусалмонӣ, ки барқарор мешаванд ва онҳо муносибатҳои худро беҳтар мекунанд. Чунин танишҳо ба манфиати ҳеҷ як кишвари мусалмонӣ нест ва орзу дорем, ки онҳо байни худ ба мусолиҳа меоянд. Лекин дар ҳолати тезу тунд шудан, албатта ба ҳама кишварҳои мусалмонӣ зарар мерасад ва бахусус ба Тоҷикистон ҳам.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон

Ба андешаи ман танишҳо миёни Эрону Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ягон паёмади манфӣ надорад. Азбаски мо бо Эрон умумияти таърихию забонӣ ва фарҳангӣ дорем мувозинатро дар муносибат бо ҳар ду давлат бояд нигоҳ дорем ва аз дахолату авлавият додан ба яке аз ҷонибҳои низои дипломатию сиёсӣ худдорӣ кунем. Ҳамзамон Эрон дарк мекунад, ки Тоҷикистон, бахусус мардуми он бо Арабистони Саудӣ умумияти динӣ дошта, мехоҳад, ки аз густариши робита бо Арабистон ба манфиатҳои миллии худ истифода барад. Масалан, Тоҷикистон метавонад имконияти худро барои мусоидат намудан дар танзиму барқарор кардани муносибатҳои дуҷонибаи ин давлатҳо пешниҳод намояд. Аммо агар расидан ба ҳусни тафоҳум ба дарозо кашад, эҳтмолияти ҳалли масъалаҳо дар Ироқу Сурия ва умуман дар минтақа ва чаҳон мушкилтар гардида, таҳдиду хатарҳоро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷаҳони муосир меафзояд.

Саъдӣ ВОРИСОВ, таҳлилгар

Ин масъала аз табиъати ин танишҳо ва таҳаввулу гардишҳои он бастагӣ дорад. Арабистону Эрон ду қудрати минтақаӣ ҳастанд, ки бо ҳам ихтилофоти гуногунҷанба доранд. Агар ин танишҳо дар ҳадди қатъи равобити дипломатӣ боқӣ монанду сипас талоши беҳбуди равобит шавад, таъсироти манфиаш табиъист, ки камтар мешавад, аммо агар ин танишҳо ба рӯёрӯйии мазҳабӣ ва худойе нокарда ба ҷангу нооромӣ кашида шаванд, он вақт метавонанд оқибатҳои баде на фақат барои кишвари мо, ки дар маҷмӯъ барои олами Ислом дошта бошанд. Чун ҳамеша ҷангу набардҳои идеологӣ ва ақидатӣ оқибатҳои пешбининашавандаи вахиме хоҳанд дошт.

Алӣ МАСТОВ, сиёсатшинос

Тира гаштани равобити Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳеч таъсире ба кишвари мо надорад. Робитаи ин ду кишвари мусулмонӣ ҳамеша нохуб буд. Баёнияҳои бемасъулонаи чанде аз масъулини ҳукумати кишвари мо дар робита ба Эрон метавонад муносиботи моро сард кунад. Қобили зикр аст, ки ба ҷуз аз тамомии қазияҳои гузашта, саҳми Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ аст.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

Албатта дар сиёсат дӯстҳо нестанд, танҳо манфиатҳо ҳастанд. Ҳар як кишвар аз назари манфиатҳои худ муносибатҳояшро ба ин ё он кишвар роҳандозӣ мекунад ва ин манфиатҳо ҳар сари чанд вақт метавонанд ба ин ё он тараф тағйир хӯранд. Яъне, ҳар кишвар муносибатҳои худро бо ин ё он кишвари дигар тибқи манфиатҳои худ ба роҳ мемонад. Он чӣ мегӯянд, “Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст, Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст”, дар сиёсат рост намеояд. Тоҷикистон аслан сиёсати бисёрсамтаро дорад, дарҳояш боз аст ва ҳар кишваре мехоҳад дӯстӣ кардан Тоҷикистон ҳозир аст, чун ки Тоҷикистон дар он мақоме нест, ки интихоб кунад, ки бо кӣ дӯстӣ кунаду бо кӣ не. Яъне, ҳар касе метавонад дӯстӣ кардан ба манфиати Тоҷикистон аст. Кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳам вобаста ба манфиатҳои геопалитикии худ муносибатҳояшонро ба роҳ мемонанд ва имрӯз иттифоқ чунин афтодааст, ки барои Арабистони Саудӣ ҳам дӯстӣ бо Тоҷикистон зарур уфтодааст. Чун Арабистони Саудӣ эътилофи зиддитеррористии исломиро таъсис доду мехоҳад онро сарварӣ кунад, барои он аъзо даркор. Барои Тоҷикистон Арабистони Саудӣ ҳамчун як маркази сарчашмаи ҷалби сармоя аст, чун Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои дорои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, сармояҳои ҳангуфт дорад.

Он чи ки бо Эрон имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон каме ноҷӯр шудааст, ин маънии онро надорад, ки сабаб дар тезу тунд шудани муносибатҳои Эрон бо Арабистони Саудӣ аст. Тоҷикистон ба ин чиз аҳмият намедиҳад ва агар чунин мешуд, Тоҷикистон ҳатман дар ҷанҷолҳои ахире, ки Русия бо кишварҳои ғарбу Туркия дорад, ҷониби Русияро мегирифт, лекин ба хотири он ки манфиатҳои Тоҷикистон инро талаб намекунад, Тоҷикистон мавқеи бетарафиро дорад. Ҳамчунин дар тезу тундшавии муносибатҳои Эрону Арабистон фикр мекунам Тоҷикистон як мавқеи бетарафиро мегирад, дахолат намекунад, зеро ҳардуи ин кишварҳо барои Тоҷикистон заруранд.

Миргиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос

Тоҷикистон барои Арабистони Саудӣ дӯсти нав дар Ховари миёна ба ҳисоб меравад. Аммо набояд ин дӯстӣ сабаби қатъ шудан бо дӯсти деринааш -- Эрон шавад. Муносибати Эрону Тоҷикистон баъди даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯъгашта ба конфронс дар Теҳрон як каме сард шуд. Аммо сардии муносибати Арабистону Эронро ман дар пайи эъдоми як шайхи шиамазҳаб - Нимр ан-Нимр мебинам. Тоҷикистон бояд бо ҳама давлатҳо муносибати бисёрсамта барои манфиати миллату давлат дошта бошад.
Мӯҳр
Симон
Албатта ин хаводис ба Точикистон таъсири худро хохад расонд.
Лекин мо бояд хамеша дар ёд дошта бошем, ки Эрон манфиати хешро аз хама боло медонад. Террористи калони точиконро ба конфроси исломи даъват карду як шиамазхаби бо чурми терроризм эъдом шударо пуштибони мекунад. Боз як бори дигар исбот шуд, ки Эрон пойгохи тайёр кардани террористону ифротгароён аст ва барои расидан ба максадхои нихои худ аз хамаи роху усулхо истифода мебарад.

Салим
ман тааччуб мекунам дар асри 21 хануз хам мусалмонон аз тафакури асрими|наги берун нарафтанд ва шиаву суни гуфта хамдигарро мекушандё О мардуми дунёбехабар ин масалахо кухна шуданд шуморо кудратхои бузург ахмак мекунанд бо хамдигар чанг меандозанд худашон кайфу сафо карда аз дур масхара мекунанд.
Чизе ки ба даъвати Кабири ба Техрон вобаста аст ба фикрам Точикистон бояд онро тамоман нодида мегирифт, чунки ин ончунон маъалае нест, ки ба робитахои ду кишвар дорои тамаддуни чандинхазорсола таъсир расонад. Як Кабири будаст охир чи ба фикрам Эрон ира хам надонист, ки ура дар ковтуков карор додаги.

у
Симон,

Илтимос, дар масъалае ки сарфахм намерави, изхорот надех. Пистаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад.

ali
ин чанги иттилооти дер давом намекунад

Djjdjd
САЛОМ, НАХОД КИ ГУНОХИ ИН МАРД ВАЗНИНТАР АЗ КУШТАНИ 7 ХАЗОР ШАХИДИ ХОДИСАИ МИНО БОШАД
ИН СИЁСАТМАДОРОНИ ВАХОБИ АСЛАН НАМЕДОНАН ЧИ КОР МЕКУНАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)