Паёми таслияти Сафар Абдуллоҳ ба Фарзона
Сафар Абдуллоҳ, донишманди саршиноси тоҷики муқими Қазоқистон дар матлабе даргузашти Бароат Ҳоҷибоева, модари Фарзонаро ба ин шоираи шинохта таслият гуфтааст.
Профессор Бароат Ҳоҷибоева 3 январи соли 2015 дар синни 88-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.
Гулчини рӯзгор аҷаб хушсалиқа аст,
Мечинад он гуле ки ба олам намуна аст.
Хоҳараки азизам, Фарзонаҷон! Медонам, ки дар ин ҳолу ҳавое ки дорам, таслият гуфтани ман қатраест дар баробари ғами дарёгунаи Шумо! Аз Худованд сабри бузург барои Шумо хоҳонам. Хабари аз даст додани модари меҳрубонамонро пас аз чанд дақиқаи ба қавли Шаҳнавозҷон “…аз тапиш мондан”-и дили беолоишашон дарёфт кардам. Вале ин хабар бароям чунон такондиҳанда буд, ки ҳанӯз дар ҳолати шок ҳастам, ҳарчанд аз вазъи бемории модар огоҳ будам ва наздик шудани чунин рӯзро бо ҳаросу нигаронӣ эҳсос мекардам.
Чанд бор даст ба гӯшии телефон бурдам, ки занге бизанам ва таслияте бигӯям ва ё дилдорӣ кунам. Мехостам бигӯям, ки Эзиди доно ва тавоно бароятон шакебоӣ ва барои модари меҳрубон руҳи шоду ором бидиҳад ва ё чизакое амсоли инҳо... Вале ғуссаи пур аз ҳузн дар дилам нишаст ва гулӯямро фишор медод, медонистам, ки шунидани садои Шумо аз он сӯи хат дар чунин ҳолат барои ман сахт сангин буд ва барои Шумо низ сангинтар! Аз даст додани модар ва боз модаре чунин хирадманд ва азизтарин дӯст ва ҳамнишину ҳамсуҳбати ҳамешагӣ ва раҳнамою раҳгушо дар зиндагии Шумо, кори сангин аст…
Медонем, ки ин доғ то замоне ки ҳастем дар синаҳои мо хоҳад буд. Ва медонем андуҳи мо дар ғами аз даст додани он азизи бузургвор дар вожаҳо намеғунҷад! Ман ки ҳамеша шармандаи муҳаббатҳо ва меҳрубониҳои модар будаам… Аз маниши волояшон аз рафторашон ва гуфторашон ва аз андешаҳои ҳикматдорашон баҳраҳо бурдаам… Ва Шумо, хоҳараки азизам, шоҳиди ҳол будаед. Аз даст додани модарон ҳамеша дарди сахт аст. Ман ин дардро як бор 13 сол пеш бо тамоми вуҷудам эҳсос карда будам, вақте модарам дар рӯи дастҳои ману хоҳаронам нигоҳи жарфе ба сӯи ман карданду ҳангоме ки аз чашмони фурурафтаашон ду қатра ашк чун донаҳои дурру марҷон ба гунаҳояшон рехт, бо як пуф гуфтан ҷон ба Ҷонофарин доданд. Ман ҳамон лаҳза эҳсос кардам, ки ҷавониам ҳамроҳи модарам рафт ва дигар ман ба сӯи пирӣ гом мебардорам. Фикр мекунам, ки модарон ҳарчӣ бештар аз дигарон зиндагӣ кунанд ҳам кам аст, зеро бахше аз умри азизи хешро, ки бояд дар роҳатӣ ва рифоҳ мезистанд, огоҳона, нисори фарзандон мекунанд, то онҳо ба ҷое бирасанд. Ҳамаи модарони ростин чунинанд ва чунин мекунанд, аммо ин ҷо сухан аз як нафар модари маъмулӣ нест. Сухан аз Бонуи беназир ва ашрофзода ва модари бузургворест, ки тамоми сангиниҳои даврони истибдодро дар тану ҷони хеш эҳсос намуда ва дарк карда ва пушти сар карда дарс омӯхта, маърифат гирифта, ба дараҷаҳои баланди илму омӯзиш расида ва дар зоти худ ягонаи даврон буда…
Модари меҳрубонеро, ки дар айёми кӯдакӣ аз падари бузургворашон (он замон роҳбарии кишварро бар дӯш доштанд) маҳрум карданд ва модари меҳрубонашонро ба зиндони истолинӣ бурданд ва эшонро бо хоҳарашон дур аз меҳан, ба хонаи кӯдакони Укроин фиристоданд. Қиссаи рӯзгори эшон бисёр пандомӯз ва шуниданӣ аст. Ёд доред, хоҳаракам, ки дар яке аз дидорҳои ахир аз модар хоҳиш кардам ёддоштҳояшонро бинвисанд?! Касе ки аз кӯдакӣ ҳамаи сангиниҳои рӯзгорро ламс карда, сахтиҳоро пушти сар карда боз ҳам он қадр дили нарму нозуку меҳрубон доштаанд, ки бароям ҷолиб буд. Ба ҳеч кас бадӣ намехостанд, фариштае буданд, ки барои некӣ ба дунё омада буданд, ҳатто ба бадхоҳон низ назари нек доштанд. Шумо хоҳараки азизам, чӣ хушбахт будед, ки ҳама ин солҳо дар канори модар будед ва беш аз дигарон аз модар омӯхтаед.
Хоҳараки азизам, чанд рӯзест, ки охирин дидор бо модар пеши чашмонам эҳё мешавад. Суханҳояшон, дастони ларзонашонро ба дуъо бардоштанашон, ҳама пеши чашмонам ҳувайдо мешавад, ангор дубора дар чашмонамон ашк ҳалқа мезанад. Модаре ки ҳамеша дилашон барои фарзандонашон шӯр мезад, ашкҳои модар марворид шуда буд, дар садафи чашмонашон. Дар ин обҳои марворид ҳарфҳое дошт, чашмони модар! Дастонашонро мебӯсам ва узрхоҳӣ мекунам, ки дар ғарибӣ ҳастам ва наметавонам ҳаққи фарзандиро адо кунам, модар маро дуъо мекунанд ва гӯи достоне дорад, дастонашон! Ман ин меҳрубонӣ ва одамият ва саховат ва бузургвориро аз ҳамон нахустин рӯзҳои ошноиамон, ки Шумо духтарчаи 16-сола будеду ман ҳам тоза баъд аз даврони донишгоҳ ба сӯйи шинохти адабиёт гом мебардоштам, эҳсос намудам ва аз ҳамон рӯзгор ман эшонро модар мегуфтаму эшон бандаро писарам мегуфтанд ва дар тамоми ин даврон ман самимияту муҳаббати эшонро эҳсос мекардам. Ҳамеша дар ин мудат ҷӯёи ҳоли якдигар будаем. Номаҳои модар бароям ҳамеша азиз ва муқаддас аст ва ҳоло ки хабари даргузашти модар расид, ҳама рӯзгори гузашта бо талхию шириниҳояш пеши чашмонам эҳё шуд. Китобҳои модарро, ки бо соядаст ирсол кардаанд, боз мекунам, ангор ин китобҳо низ дигар бароям маънии ҷадид пайдо мекунанд. Иттифоқан, модар аз беҳтарин донандагони забону адабиёти рус дар меҳани мо буданд ва садҳо шогирдонеро тарбият кардаанд, ки ба фарзандони мо забони русиро ёд медоданду ёд медиҳанд. Забони русӣ дар он рӯзгор, танҳо забон набуд, фарҳанг буд. Забони миллӣ, яъне давлатӣ буд. Касоне ки ин забонро ёд намегирифтанд ба ҷое намерасиданд! Гузашта аз ин, ин забони яке аз адабиётҳои бисёр бузург ва камназири ҷаҳон аст! Модар, беш аз дигарон масъулияти муаллим будан ва ба вижа муаллими забону адабиёти русӣ буданро дарк мекарданд. Забони русиро беҳтар аз мутахассисони рус медонистанд, вале хушбахтона мисли бархе аз худ рафта ва бетаваҷҷуҳ ба фарҳанги худ набуданд, баръакс, беш аз он ки тасаввур бикунем ба забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ таваҷуҳ ва ишқ меварзиданд. Ин аст ки забони форсӣ (тоҷикӣ) ва фарҳанги миллӣ дар хонадонашон ҳоким буд ва бечиз нест, ки дар чунин хонадон ва аз чунин модари бузург фарзандони шоиста ба дунё омадаанд ва тарбият диданд. Ва Шумо воқеан хушбахтед, хоҳараки азизи ман!
Худро тасаллӣ медиҳам. Модар бо мо ҳастанд ва табиист, ки то даме ки мо ҳастему эшонро дорем ва фаромӯш намекунем, эшон барои мо зиндаанд!
Имрӯз тоза ба худ омадам ва ашк мерезам ва ин сатрҳоро менависам. Вале ин ашкҳои ман аз сари дилтангӣ аст, дилтангӣ барои он ки дигар аз рӯ ба рӯ нишастану дидор тоза кардан маҳрум шудем. Имрӯз дилам оташ гирифт ва дубора ҷои холии модарро ҳис кардам ва дигар намедонам агар диламон аз ғусса пур шавад ба кӣ бигӯему диламонро холӣ кунем. Хоҳараки азизам, медонем, ҷои модар хуб аст ва фариштаҳои осмон имрӯзро барояшон ҷашн мегиранд. Охир медонем, ки биҳишт зери пои модарон аст..
Дареғо ки дигар ин ҳарфҳоро наметавонам ба эшон бигӯям. Ҳоло ҳамин монда аст, ки ба руҳи модар муроҷиат бикунем, ки моро бубахшанд, агар рӯзе беҳавсала будаем, агар рӯзе беэътиноӣ кардаем, Худо накарда бадахлоқие содир кардаем, ҷиддӣ нагиред, модар… ва моро бубахшед.
Хоҳараки азизам, Шумо ки аз ҳоли ман огоҳед ва дарк мекунед, ҳоли писареро, ки натавонист дар ҷанозаи модараш ширкат бикунад…
Ва инак модар ба зери хок, хуш орамида ва дигар зӣ гулшани мо дил бурида. Худоё бароятон, ҷое мехоҳам, ки беҳтар аз биҳишт бошад…
Хоҳаракам, шаби гузашта талош кардам телефонӣ бо Шумо суҳбат кунам, ки муваффақ нашудам. Шаб модарро хоб дидам, шояд аз он бошад ки тамоми рӯз дар фикри модар будам. Ҳавлиашонро хоб дидам ва ҳамон зери дарахтро, ки нишаста будем. Ва хоби аҷибе буд. Малак ба сурати модар ба олами руъё… Хоҳараки азизам, эҳсос кардам, ки модари азизи мо, одами хушбахте буданд. Умри хубе диданд ва муҳимтар аз ҳама баракати умри эшон беназир аст… Ва ин Шумо ҳастед, ки бояд ҳама андешаҳои волои модарро ки шояд анҷом додани буданду бо далоиле анҷом нашуд, анҷом бидиҳед. Ҳеч чиз болотар аз лаззати модар доштан нест. Ва Шумо хушбахтед, ки чунин модаре доштед. Умедворам, боз фурсате даст медиҳад ки дар бораи модари азизамон бигӯему бинвисем. Чеҳраи воқеъии модар дар ашъори Шумо ҷовидонӣ шуда аст. Ҳоло ашъори Шуморо ба вақти дигар мегузорам.
Сафар Абдуллоҳ, Қазоқистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |