Пешниҳоди омӯзиши дарси Пешвои миллат дар макотиби миёна ва олӣ
Сиёвуш Наботов, устоди кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, дар макотиби миёна ва олии кишвар омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” ба роҳ монда шавад.
Ҷаноби Наботов дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, изҳор дошта, бо назардошти хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст: “Вақте сухан дар бораи Пешвои миллат меравад, ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан- эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст ва он ба таври ҳатмӣ бояд ҳамчун мавзӯи дарсӣ дар мактабҳо дарс дода шавад. Умед аст пешниҳоди мазкур қобили қабули ҳамагон хоҳад буд, зеро аз рӯи таҳлили воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, эҷоди институти ҳуқуқии Пешвои миллат як зарурати воқеии давлатдории мо дар шароити имрӯза мебошад”.
Ин устоди донишгоҳ дар идома гуфтааст, “омӯзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ ва назарбандиҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки доштани “Пешвои миллат”, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони ноором шарт ва зарур аст”.
Ба таъкиди Сиёвуш Наботов, хилофи арзишҳои демократӣ ва ғайриконститутсионӣ донистани масъалаи пешвои миллӣ, бештар ноогоҳии мунаққидон аз фазои гузашта ва имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро нишон медиҳад: “Барои мисол дар Амрико онҳоро “Падарон — асосгузорони давлати Амрико” — Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷеферсон, дар Туркия Падари миллати турк -Ататурк, дар Ҳиндустон “Падари миллати ҳинду” — М.К. Гандӣ, дар Покистон падар асосгузори давлати Покистон — Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ, дар Сингапур «Асосгузори давлати Сингапур» Ли Куан Ю, дар Қазоқистон “Пешвои милат” Н.А. Назарбоев ва инак дар Тоҷикистон “Пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудаанд. Назарияҳои илмӣ ва таҳлилҳои ҳуқуқиву сиёсӣ нишон медиҳанд, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, амали конститусионӣ ҳисобида шуда, роҳи суботи рушди давлат ҳифз шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |