“Газпром” аз гази Туркманистон даст кашид
Ширкати “Газпром”-и Русия дар моҳи январи соли 2016 аз харидории гази табии Туркманистон даст мекашад.
Бо чунин мазмун огоҳнома ба ширкати “Туркменгаз” ирсол шудааст. Ширкати русӣ ин қарори худро ба тағйири “вазъ дар бозори ҷаҳонии газ” ва инчунин “масоили мушаххаси моливу иқтисодӣ” рабт додааст.
Дар солҳои охир “Газпром” ҳамасола наздики 11 миллиард мукааб гази табиии Турманистонро харидорӣ мекард. Дар моҳи июли соли гузашта вазорати нафту гази Туркманистон хабар дод, ки Русия ба далели “давомёбии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ” маблағи интиқоли газро барои соли 2015 напардохтаст.
Туркманистон дар қаламрави Шӯрав ии собиқ баъд аз Русия дувумин кишвари бузурги содиркунандаи газ аст. Ба ҷуз аз Русия, ин кишвар ба Чин ва Эрон газ содир мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |