Бахшҳо
27 окт 2011 09:49Гузориш

Пешгӯии сармураббии «Регар ТадАЗ»: Доварон боз иштибоҳ карданд…

«Ҳадафи мо аз ин бозӣ ҳарифро шикаст додан буд, танҳо барои пирӯзӣ ба майдон баромада будем. Дар қисми дуюми бозӣ маълум шуд, ки футболбозони дастаи «Истиқлол»  монда шудаанд, аммо ман аз он розӣ нестам, ки голи дуюмро ба ҳисоб нагирифтанд…»

Қабл аз бозӣ

Дидори ниҳойӣ дар чорчӯби сабқати футбол барои дарёфти «Ҷоми Тоҷикистон» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 26-уми октябр баргузор шуд. Ин варзишгоҳ ҳамагӣ дорои 10 ҳазор ҷойи нишаст буда, сабқати финалиро ҳудуди 7 ҳазор тамошочӣ назора мекарданд. Миёни эшон хабарнигори «Озодагон» низ ҳузур дошту гузориши фишурдае аз он ҷо омода кардааст.

Ҳуштак ва хатогии довар

Соати расо 14-00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тимҳои футболи  «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» ба майдон баромаданд. Қисмати аввали бозӣ бо ду дақиқаи иловагӣ бо натиҷаи мусовии 0-0 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 61-уми дидор, Ҷамшед Исмоилов, бозингари дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳисобро кушода, муваффақ шуд, ки ба дарвозаи ҳариф гол бизанад. Пас аз чанд дақиқаи голи якум ҳуҷумкунандаи дастаи «Регар ТадАЗ» -Аҳтам Ҳамроқулов тӯби дуюмро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд, вале бо ишораи «Оф-сайд»-и довари кунҷӣ  голи дуюм ба ҳисоб гирифта нашуд. Қисмати дуюми бозӣ бо 4 дақиқаи иловагӣ бо ҳамин натиҷа ба анҷом расид. То анҷоми бозӣ футболбозони «Истиқлол» натавонистанд, ҳисобро баробар кунанд. Ҳамин тариқ, дастаи «Регар ТадАЗ» барои 5-ум бор барандаи «Ҷоми Тоҷикистон»  гардид. Даври ниҳойии сабқати «Ҷоми Тоҷикистон-2011»-ро Ориф Ҷӯраев, раиси кумитаи ҳакамони федератсияи футболи Тоҷикистон доварӣ кард.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармурабии дастаи «Регар ТадАЗ» пас аз анҷоми бозӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори «Озодагон» гуфт, пеш аз ҳама мехоҳам, барои мубтакирон ва сарпарастони бозии «Ҷоми Тоҷикистон -2011» минатдории худро бирасонам. Ҳамчунин, роҳбарону футболбозони дастаи «Регар ТадАЗ»-ро барои дарёфти ҷом табрик мегӯям. Барои мухлисони даста ҳам, пирӯзӣ муборак бошад ва ҳамчун сармураббии даста минатдории худро баён мекунам, ки моро дастгирӣ мекунанд. Ҳамсӯҳбатамон афзуд, ин бори 5-ум аст, ки дастаи «Регар ТадАЗ» соҳиби ҷоми мазкур мешавад. «Мо хуб медонистем, ки ҳарифи мо дастаи пурқувват аст, дар ҳайати он қариб тамоми бозигарони дастаи мунтахаби кишвар бозӣ мекунанд, аммо мо ҳам барои баргузории ин бозӣ тайёрии ҷиддӣ дида будем ва ба ҳайати команда бозигарони таҷрибадорро даъват кардаем».

Сармурабби дастаи «Регар-ТадАз» гуфт, ҳамаи тайёриҳои мо ба хотири пирӯз шудан буд, чунки тайи 3-4 соли охир дастаи мо ба бозиҳои финалии «Ҷоми Тоҷикистон»  баромада наметавонист, имсол дар назди худ  вазифа гузоштем, ки барандаи ҷом шавем. Ҳадафи мо аз ин бозӣ ҳарифро шикаст додан буд, танҳо барои пирӯзӣ ба майдон баромада будем. Ӯ мегӯяд футболбозоне, ки дар хати ҳуҷум бозӣ мекарданд, ҳисобашонро хеле зиёд карда будем. Мо дар ин бозӣ танҳо 3 муҳофизатгар доштем, 6 бозингари дигар дар хати ҳуҷум бозӣ мекарданд. Ҳабибуллоев гуфт, дар қисми дуюми бозӣ маълум шуд, ки футболбозони дастаи «Истиқлол»  монда шудаанд, барои он ки 80%-и бозингарони он дар ҳайати мунтахаб бозӣ мекунанд. «Хамаи мо шоҳид будем, ки пас аз голи дуюм дар дақиқаҳои охири бозӣ ҳуҷумкунандаи дастаи «РегарТадАЗ» Аҳтам Ҳамроқулов голи дуюмро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд, ки голи ҳақиқи буд. Бозингари мо аз муҳофизатгарон дастаи «Истиқлол» хело дур буд, дар ин ҷо дарвозабон иштибоҳ кард, ки бо тӯб набаромад. Ман фикр мекунам, ки довари кунҷӣ хато кард, вале довари марказ чизе нагуфт, ҳамин тариқ голи дуюмро ҳисоб накарданд». Сармурабби мегӯяд, дастае, ки ғолиб меояд, аз доварии довар қонеъ мешавад, мо ҳам норозӣ нестем, аммо бояд бигӯям, ки ҳамагон шоҳиданд, ки голи дуюм голи олӣ буд, вале доварон иштибоҳи сахт карданд. Ман аз он розӣ нестам, ки голи дуюмро ба ҳисоб нагирифтанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш аз баргузории бозӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев зимни як сӯҳбати телефонӣ ба «Озодагон» гуфта буд: «Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷом аз як давр иборат аст, аз ин рӯ доваронро зарур аст, ки дар ҷараёни он ба иштибоҳ роҳ надиҳанд»…

Тӯҳфа ба ҷомдорон

Дар анҷоми мусобиқа Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ва Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Шавкат Ахмедов, масъули баргузории бозиҳои федератсияи футбол, ҳамзамон комиссари сабқати ниҳойӣ ва мухлисони футбол ба футболбозону мураббиён ва роҳбарони ҳарду даста ҷоизаву тӯҳфаҳо супурданд.

Ибодуллоҳи Тоир, Душанбе-Қӯрғонтеппа-Душанбе{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)