Ҳамлаи мусаллаҳонаи се наврас ба ҷавони тоҷик дар Маскав
Мақомоти умури дохилии вилояти Маскав аз боздошти се наврас хабар доданд, ки дар роҳзанӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба пулис шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳадафи мусаллаҳонаи се нафар қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, ки субҳи 1 январ дар маҳаллаи Коттелники назди Маскав се нафар ба ҷои будубоши ӯ даромада, бо таҳдиди корд 100 ҳазор рубли ӯро ситондаанд.
Ба иттилои пулиси Маскав дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ се наврас-ду 16-сола ва як нафар 17 сола боздошт гардиданд: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муттаҳамон бо имзои санади берун нарафтан аз ҷои зист, аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |