Боздошти зане, ки духтари яксолаашро 400 доллар фурӯхтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 33-сола бо иттиҳоми фурӯхтани фарзандаш хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ин зан сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, духтарчаи яксолаашро бар ивази 400 доллари амрикоӣ ба як сокини шаҳри Хуҷанд фурӯхтааст.
Манбаъ мегӯяд, дастгиршуда қаблан бо моддаи 244 қисми 2 ва 167 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст: “Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |