Ҳамсари Ҳайит баъди мулоқот бо шавҳар: Зиқ буд...
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баъди ду моҳ рӯзи 30 декабр бо шавҳараш мулоқот доштааст.
Ҷӯраева имрӯз, 31 декабр ба “Озодагон” иброз дошт, ки дар мулоқоти ду моҳи қабл вазъи шавҳараш хуб буду хушҳол менамуд. Ҳамсари Ҳайит гуфт, шавҳараш аз муносибати маъмурин шикояте надошт ва осори латукӯб низ дар ӯ дида намешуд: “Аммо ин дафъа ӯ хеле зиқ буд. Ман намедонистам, вале пас аз баромадан дар берун фаҳмидам, ки шавҳарамро бо 13 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор кардаанд”.
Гуфта мешавад, ки Додситони кулл нисбати Маҳмадалӣ Ҳайит, узви боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бо 13 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кардааст.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ин ҳизб баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |