Хомӯшӣ: Эрон нишон дод, ки Кабириро ҷинояткор эътироф намекунад
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
ХУД ҒАЛАТ БУД, ОН Чӣ МЕПИНДОШТЕМ… Ин мисраи дуввуми як байти пурмаънои Ҳофизи бузургвор аст, ки ба ҳайси сарлавҳаи ин навишта пазируфтем. Мисраи аввал чунин аст: «Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем…» Агар ҳарду мисраъро паҳлӯи ҳам бигзорем, маъние даст медиҳад, ки хеле омӯзанда аст: дар дӯстиву бародарӣ дилҳову ниятҳо ва иродаҳоро пок доштан беҳтарин фазилат аст, ки аҷри зиёде дорад. Пешрафти дӯстро пешрафти хеш пиндоштан ва дар рафъи мушкили дӯст саҳм гирифтан ойини деринаи тамаддуни форсии тоҷикист. Аммо мушкил ин аст, ки дар ин дунёи ҳар замон тағйирёбанда ва хеле ҳассос баъзан дӯстон фаъолиятҳое зоҳир мекунанд, ки ҳатто душманони умумиро ба ҳайрат мегузоранд. Дӯстӣ якрӯӣ ва поктинатиро мепазирад ва дар муқобилаш мунофиқӣ ва дурӯӣ қарор дорад, ҳамон гунае, ки бад дар муқобили нек ва зулмот дар муқобили рӯшноист.
Ин муқаддима беҳадаф нест ва матлаберо дар пай дорад, ки он ҷомеаи Тоҷикистонро хеле дар ҳоли ногувор қарор додааст. Таҳаммули ин андеша хеле гарон аст, чунки ақидаҳо ва мавқеъҳои солҳо озмудашударо ба якборагӣ шикаст. Сухан сари ин аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон конфронси 29-уми ваҳдати исломӣ таҳти мавзӯи «Буҳронҳои феълӣ дар ҷаҳони ислом» баргузор шуд ва меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногуни исломиро гирди ҳам овард. Аз Тоҷикистон низ якчанд нафар аз раҳбарияти Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли назди Ҳукумати ҶТ даъват шуда буданд. Ба ин ҳамоиш, ки ҳадафҳои неки рафъи буҳронҳоро дар дунёи ислом мавриди баррасӣ қарор дошт, шахсиятҳое низ даъватӣ буданд, ки суханҳояшон аз кирдорашон фарсахҳо дурӣ дошт.
Яке аз ин шахсиятҳо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби экстремистиву террористӣ ва дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншудаи наҳзати исломӣ низ буд. Ҳамон шахсияте, ки назди миллату давлати Тоҷикистон ҷурму ҷиноёти зиёде дорад ва тибқи дархости ҷониби Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ва ин ҷурму ҷиноёти ҷаноби Кабирӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар робита бо ошӯби Абдуҳалим Назарзода, ки мехост сулҳу суботро аз миён бурда, табаддулот бикунад, комилан исбот шудааст. Муҳиддин Кабирӣ бо он иттиҳомоте, ки нисбати ӯ эълон шудааст, ҳамчун ҷинояткори воқеӣ шинохта шудааст ва табиист, ки ҷинояткор бояд назди қонунҳои кишвари Тоҷикистон бояд ҷавоб бигӯяд. Ростӣ, дар миёни меҳмонон ва даъватшудагони ин форуми хеле пураҳамият иштирок доштани Кабирӣ ва сухан кардани ӯ аз минбари анҷуман ба ақли солим намеғунҷад.
Масъулини ин анҷуман ва зиёда аз ин, Ҳукумати Эрон коре карданд, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дуруст намеояд. Шарти адаб ва дӯстӣ миёни ду кас ҳамин аст, ки дӯсти ӯро дӯст ва душманашро душман шуморанд. Ҳамин шарт дар муносиботи давлатҳо низ ҷорист. Байни Тоҷикистону Эрон аз оғози истиқлолияти Тоҷикистон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва ин муносибатҳо назокате низ доштанд: мо ҳамеша мегӯему мепиндорем, ки як сарзамини таърихӣ, фарҳанги муштарак ва як дини умумӣ бо номи ислом дорем. Ҳофизу Саъдӣ ва Фирдавсии бузургворро аҷдоди умумии хеш мепиндорем…
То ба дирӯз тамоми дастгоҳҳои таблиғотии кишвари мо мардумро талқин менамуданд, ки дар таъсиси ҳизби Наҳзат Эрон нақше надорад, инкор мекардем, ки Эрон дастгири ин ҳизб аст, ҳеҷ амале зидди сулҳу суботи Тоҷикистон намекунад. Мухолифони ваҳдат ва осудагии кишвари моро намепазирад. Аммо ҳузури хоини миллату давлати Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷамъомади бонуфуз тамоми андеша ва интизориҳои моро аз кишвари Эрон ба боди фано дод.
Аҷаб аст, ки Кабирӣ дар Тоҷикистон хоин ва ҷинояткор эътироф шаваду дар Эрон меҳмони олиқадр ва садри маҷлис бошад... Ин сиёсат комилан зидди манофеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр аст. Дастгирии Кабирӣ аз ҷониби Эрон маънои дастгирии душманони кишвари моро дорад. Бо ин гуна кори сиёсат як маънӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ ошкор гардид: бо дастгирӣ ва пуштибонии Кабирӣ ҷониби Эрон ҳушдор дод, ки ӯро ҳамчун ҷинояткор эътироф намекунад, яъне Кабирӣ барои онҳо ҷинояткор нест. Ин амал маънои инкор намудани ҳукми мақомоти суди Тоҷикистонро дорад. Чунин амалкарди Эрон боз ҳам суханони Ҳофизро ба ёд меоранд, ки фармуда: Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем, Худ ғалат буд, он чӣ мепиндоштем…
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |