Бордюжа: Коре кардем, ки соли 2015 ҳатто тазоҳуроте рух надод
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рух надодани бетартибиҳо ва тазоҳуроти оммавӣ дар кишварҳои узви созмонро натиҷаи ҳамкории хуби мақомоти амниятии кишварҳои узв хондааст.
Бордюжа дар ҷамъбасти сол ба расонаҳо гуфтааст, СПАД ба нерӯҳои манфиатдор имкон намедиҳад, ки суботи дохилии кишварҳои узви созмонро барҳам занад: “Мо кор мекунем, то ҳаводиси атрофи созмон-терракт, бетартибиҳои оммавӣ ва даргириҳои мусаллаҳона дар дохили созмон ба вуҷуд наоянд”.
Ба гуфтаи Бордюжа бархилофи кишварҳои Аврупо, ки соли 2015 шоҳиди бетартибиҳои оммавӣ, даргирӣ ва террор шуданд, дар кишварҳои узви СПАД ҳатто тазоҳурот ба қайд гирифта нашудааст: “Ин натиҷаи кори мақомоти амнияти миллии кишварҳои узви СПАД ва ҳамкориҳо дар доираи созмон мебошад”.
Дабири кулли СПАД амнияти иттилоотиро самти асосии дигари фаъолияти созмон хонда, илова намудааст, ки тайи соли 2015 даҳҳо сомонае масдуд гардиданд, ки тариқи онҳо созмонҳои ифротӣ таблиғот мебурданд.
СПАД - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусияро дар бар мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |