Ҷоизаи Паёмбари Бузург насиби донишманди 49-сола шуд
Ҷеки Ин, донишманди 49-сола бонуфузтарин ҷоизаи олами Ислом дар умури илм ва технология -- Мустафо (с) (бо номи Паёмбари Бузург ҳам маъруф аст)-ро ба худ ихтисос додааст.
Ин хонуми сингапурӣ барои дастовардҳои илмӣ дар тавлиди доруи бемории қанд бо ин ҷоиза қадрдонӣ шудааст.
Бино ба иттилои торнамои “Ислам.ру”, Ҷеки Ин 340 асари худро дар бонуфузтарин нашрияҳои дунё нашр карда, соҳиби 150 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ мебошад.
Дар умури нанотехнология Умар Яҳё, кимиёдони урдунӣ, ки ҳамраиси пажуҳишгоҳи фанновариҳои навини Донишгоҳи Колифорния аст, соҳибҷоиза шудааст.
Дар рақобат барои ба даст овардани мукофоти молӣ ҳудуди 600 олими ҷавон аз соҳаҳои гуногун, бо шумули дорандаҳои ҷоизаи Нобел вориди сабқат шудаанд.
Ҷоизаи Паёмбари Бузург ба ҳадафи тавсеаи донишмандон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва дигар олимони мусалмоне, ки таҳқиқоташон ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ кумак кардаанд, таъсис шудааст. Ин ҷоиза бо арзиши моддии 500 ҳазор доллар дар ду сол як маротиба эъто мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |