Бахшҳо

Корафтодаҳо: Бонкҳо долларро 7,58 сомонӣ мефурӯшанд...

Бонки миллии Тоҷикистон амали бонкҳои кишварро, ки долларро аз қурби муайянкардаашон қиматтар мефурӯшанд, ғайриқонунӣ хонд.

Корафтодаҳо мегӯянд, бонкҳои тиҷоратӣ имрӯз, 30 декабр қурби доллари амрикоиро дар лавҳаҳояшон ҳудуди 700 сомонӣ муайян кардаанд, аммо дар асл ба ивази 750-760 сомонӣ мефурӯшанд.

Холиқназар Ҷумаев, сокини шаҳри Душанбе, дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, ки барояш 100 доллари амрикоӣ зарур шуд: “Хеле ҷойро кофта, ниҳоят дар бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” бо арзиши 750 сомонӣ онро харидорӣ кардам. Акнун кӣ гуфта метавонад, ки дар болоравии қурби доллар кӣ гунаҳкор аст, нуқтаҳои мубодилаи асъор ё бонкҳо?”.

Дар пайи ин хабар корбарони фейсбук изҳор доштаанд, ки намояндагии бархе аз бонкҳои кишвар, аз ҷумла намояндагиҳои Эсхата ва Ориёнбонк имрӯз як долларро ба ивази 7,58 сомонӣ мефурӯшанд.

Дар шарҳи қазия Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи Бонки миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, бонкҳо набояд долларро аз қурби муайянкардаашон қимматтар фурӯшанд. Ӯ аз афроде, ки бо долларфурӯшии қиммати бонкҳо рӯбарӯ шудаанд, хост бевосита ба Бонки миллӣ занг зананд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудааст, ки барои фурӯши асъори хориҷӣ дар берун аз бонк ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аммо мушоҳидон мегӯянд, вақтҳои охир фурӯши қимати доллар аксаран дар худи намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.
Мӯҳр
Точики ман зинда бод. Дар Точикистон чанд вакти охир хар мушкиле, ки ба сари мардум омада истодааст бевосита аз чониби ташкилотхо сурат мегираду аммо мардумро гунахкор мекунанд. Чанде пештар корбарони Бонки миллии кишвар изхор дошат буданд, ки сабаби асосии болоравии курби доллар ба тахлук афтидани мардум аст. Акнун маълум шуд, ки ки гунахкор будааст. Аниктараш маълум буд. Аммо мардуми фукарои бечора доимо зери сарзаниш карор мегиранд. Хатто дар сурати болоравии доллар. Чаро ки назорат заиф аст, чрао ки масъулон фаротар аз тирезаи утокхои корияшон назар намекунанд. Чаро низми мушаххасе нест. Сабаби хама нокомихои ба сар меомада дар набудани низоми мушаххас аст. Агар ки низоми аник набошад оби чуйбор сохилчаи чуйборро шуста мебарад. ТАвакалба худо то ба кай кор кардан мумкин аст?. Чаро ба мардуми зулмдошта зулмотро раво мебинанд ташкилоту муассисахо?. Эвойеее чи гуям ки нагуфтанам бехтар аст?. ТО ба кай ин ахвол домангири мост а?. То кай руирост мардумро ташкилоти молиявию нуктахои асъуору дигарон горат мекунанд а?. Яхуд яхуд аст дар мушкили дасти хамдигарашро мегирад, аммо мо дар сари хамдигар бо шатта мезанем дар тангдасти?..... Аз ояндаи ноадолатихои ичтимои чилавгири бояд кард, ки ОКИБАТИ ХУБ ДОШТА НАМЕТАВОНАД!!!!!!!!!

Точир
Имруз курби доллар дар бозори корвон ба 780 сомони баробар шуд.

хама медонанд ки доллар 7-58 ё ин ки 7-60 фурухта мешавад. Мисол ман шахсан имруз аз корти бонкиам бо курси 7-48 долларро харидори кардам. (первый микрофинансовый банк)

Ростгу
Шахрванд чумаев аз ки хариди доллар бо ин курби осмони точики карда гуем дуруги махз гап мезани агар рост бошад Кани ба бинои бонк бие фахмем аз ки харидаи бо ин курб

Хар як шахрванд, бояд занг занад, системара хуб ба рох монед то ки кор кунад, бо сухан бо баромад, намешавад!

дуст
ки гунахгор сарофон махкам боз гуед сароф бахонай девонайски

Акнун Фахмо. Ман хаёл кардам, ки хукумат гами халка хурда ин беадолатии сарофонро дида коргохи сарофонро бастанд. Маълум мешавад, ки ин бизнес низ монополия шудааст, ки холо аз сарофон гузаронида истодаанд. адолат набуд нест ва намешавад. Ба ягон икдоми онхо бовар накунед. Аз мардум мезанану бад ба сагерахонахо бурда ва хамрох телевизонро низ мебаранд, ки бинед мо чигуна хайрхох хастем. Ин мардуми як вактхо точдор чаро инкадар зулмпарвар шудаанд.

Маълим
Бозор қонунҳои худро дорад. Онҳоро инкор кардан аблаҳӣ ва авомфиребист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)