“Маликаи ҳусн” президентро ба рақс даъват кард
Алия Мергембоева, “Маликаи ҳусни Қазоқистон–2015” Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури ин кишварро ба рақс даъват кардааст. Ин иттифоқ дар ҷашни идонаи хайрия сурат гирифтааст, ки дар базмгоҳи “Думан”-и Остона баргузор шуд.
Дар ин ҷашн Назарбоев гуфтааст, кишвараш соли навро зери нишони 25-солагии истиқлолият мегузаронад: “Тамоми кишвар мисли як ҷисми воҳид заҳмат кашида, ин ҷашни бузургро истиқбол мегирад. Дар солҳои истиқлол кишвари тамоман дигаре эҷод шуд, ки бо заҳмати ҳамаи қазоқистониҳо ба даст омадааст”.
Хадамоти матбуотии раисиҷумҳур гуфтааст, тамоми маблағи аз ҷашни хайрия ба дастомада, ба бунёди “Ҷамъияти ихтиёрии “Шафқат” интиқол дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |