Тағйири сохтору тақсими амвол дар “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”

Ҳукумат бо қабули як қарор сохтори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии кишварро ба уҳда дорад, тағйир додааст.
Тибқи қарори ҳукумат аз ҳисоби якҷошавии корхонаҳои обу коррези шаҳри Турсунзода, навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва Шаҳринав корхонаи нави обу коррези навоҳии тобеи марказ ташкил мегарданд. Чунин як корхонаи дигар аз ҳисоби якҷокунии муассисаҳои обу коррези Исфара, Конибодом, Истиқлол, Қайроқум, Чкаловск, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва ноҳияи Мастчоҳ бо номи корхонаи обу коррези Суғд-1 ташкил мегардад.
Ҳукумат қарор намудааст, ки корхонаҳои нав қарзҳои кредиторию дебитории корхонаҳои пеширо ба мерос мегиранд. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро муваззаф намудааст, то дар мувофиқа бо Кумитаи идораи амволи давлатӣ доду гирифти амволи корхонаҳои қаблӣ ба корхонаҳои навро таъмин намояд.
Тағйири сохтору тақсимбандии амвол дар Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран бархе аз сокинони вилояти Суғд аз камбуди оби нӯшокӣ шикоят карданд. Аз ҷумла гуруҳи сокинони шаҳри Чкалов дар нома ба раиси вилояти Суғд аз камбуди об дар биноҳои бисёрошёна шикоят карда, хостори расидагӣ ба ин мушкил шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |