Боздошти масеҳӣ бо иттиҳоми иртибот бо “Давлати исломӣ”
Арамаис Авакян, як кишоварз аз вилояти Ҷиззахи Узбакистон аз рӯзи 4 сентябр ба ин сӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ӯ бо гумони робита бо гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дастгир шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, 4 дӯсти Авакян ҳам дар мухолифат ба сохти конститутсионӣ, созмон додан ва роҳбарии гуруҳи тундгарои динӣ, ҷудоихоҳӣ айбдор мешаванд. Алайҳи Авакян ҳамчунин бо моддаи “Дуздӣ” айб эълон шудааст.
Наздикони ин деҳқони 33-сола гуфтаанд, ӯ пайрави дини масеҳӣ буда, бо мусалмонону “Давлати исломӣ” ҳеч робитае надорад. Онҳо аз эҳтимол дур намедонанд, ки мумкин аст, вай зери шиканҷа фавтида бошад. Намояндагони мақомот мегӯянд, Авакян зинда аст, аммо “аз миз афтидаву маъюб гаштааст”.
Ба бовари ҳамсари Авакян, ихтилофи деҳқон бо мақомоти маҳаллӣ бар сари фермаи моҳипарвариаш дар ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах рӯ задааст. Ҳамаи боздоштшудаҳо дар хоҷагии мазкур кор мекарданд.
Далели асосии гуноҳи Авакян ва боздоштшудаҳои дигарро тафтишот паёмаке меномад, ки гӯё ин афрод ба ҷиҳод мерафтаанд. Аммо ин паёмак ё СМС баъди боздошти деҳқонон фиристода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |