Даргузашти яке аз асосгузорони телевизиони Тоҷикистон
Акбар Ҷӯраев, муовини собиқи раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шаби 30 декабр аз олам даргузашт.
Ӯ яке аз нахустин афроде буд, ки тугмаи “Шурӯъ”-и студияи телевизиони Тоҷикистонро 3 сентябри соли 1959 зер кард. Акбар Ҷӯраев замони кӯдакиашро дар ноҳияи Кангурт сипарӣ карда, таҳсили ибтидоиро дар мактаби рақами 1-и ин ноҳия ба поён расонидааст. Факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, дар 23-солагӣ ба мақоми коргардони аршад расидааст.
Авохири солҳои 80 ва аввалҳои солҳои 90-и асри пор Ҷӯраев ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ кор карда, пасон муовини вазири фарҳанг таъин мегардад. Ӯ ягона нафаре буд, ки 3 маротиба ба симмати муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин шуд.
Маросими видоъ бо Акбар Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |