Навраси тоҷикро ба модараш баргардондаанд
Насим Раҳимов, навраси 14-солаи тоҷик, ки аз сӯи кормандони пулиси Маскав аз модараш ҷудо карда шуд, дубора ба оилааш пайвастааст. Дар ин бора Павел Астахов, ваколатдори назди раисиҷумҳури Русия оид ба ҳуқуқи кӯдак хабар додааст.
Ӯ дар саҳифаи Твитери худ навишта: “Дӯстони гиромӣ, Насим Раҳимов, ки ду рӯз қабл дар Маскав аз волидонаш ҷудо шуд (мо ба ин фикрем, ки бидуни ҳеч асос), БА МОДАРАШ БАРГАРДОНДА ШУД! Сардухтури беморхонаи №21 ин хабарро тасдиқ кард”.
Павел Астахов дар идома аз ҳамаи онҳое, ки дар ин кор кумак карданд, ташаккур гуфта навиштааст: “Писарак Соли навро дар хона бо оилааш пешвоз мегирад”.
Насим Раҳимов рӯзи 28 декабр замоне аз модараш ҷудо карда шуд, ки дар хиёбони Маскав ҳаракат мекард. Кормандони пулис ӯро ҳамчун “бесаробон” боздошт кардаанд. Олга Николаенко, раҳбари Маркази мутобиқшавии кӯдакони гуреза дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, миёни ҳуҷҷатҳое, ки зани тоҷик дар мавриди писараш -- Насим ба пулис пешниҳод кардааст, асли шаҳодатномаи таваллуд мавҷуд набуда, нусхаи онро нотариус тасдиқ накардааст. Раҳбари Маркази мутобиқшавии кӯдакони гуреза навиштааст, пулис Насимро бо зӯр аз модараш ҷудо карда, барои ташхиси тиббӣ ба бемористон бурдааст: “Ба эҳтимоли зиёд ӯро дар паноҳгоҳи муваққатӣ ҷой мекунанд”.
Бо зӯр аз модар ҷудо кардани Насими ноболиғ ҳодисаи ягона нест. Моҳи октябри имсол пулиси шаҳри Санкт-Петербург Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро аз волидонаш -- Рустам Назаров ва Зарина Юнусова ҷудо кард. Рӯзи дигар ба ин хонавода хабари марги фарзандашонро расонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |