Бахшҳо
30 дек 2015 09:57Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

2015. “Соли девона”

Соли 2015 бо сипаридани чанд рӯзи дигар моро барои ҳамеша фаромӯш мекунад, вале мо, оё ин солро метавонем фаромӯш бикунем? Хусусан, дар сурате, ки бисёр ҳаводиси таҳаввулпазири Тоҷикистон дар ин сол иттифоқ уфтод.


Касоне, ки ҳамеша равандҳои сиёсии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд, ҳатман ба ин назар мувофиқанд, ки ин сол аз нигоҳи сиёсӣ як соли “вазнин” буд. Ин солро баъзе аз коршиносон соли таваллуди бесобиқаи ҷасорати сиёсии ҳукумат номидаанд. Аз сӯйи дигар ҳаводисе, ки дар ин сол иттифоқ уфтод боиси ба вуҷуд омадани як силсила муаммоҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон гардиданд. Ин ҳаводис сабаб шуданд, ки барои рушди озодии баён, пешрафти ҳаракати рӯшанфикрӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон монеаҳои бузург падид биояд. Ҳарчанд, ки ин монеаҳо дар бештари маврид ба таври табиӣ ба вуҷуд омаданд, вале ҳамоно ҷанбаи бисёр устуворӣ сунъӣ доштанд.

Дар соли 2015 ҳаводиси гуногуне сар зад, ки дар маҷмӯъ агар тамоми ҳаводиси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва табииро бо ҳам баррасӣ кунем ин сол аз як “соли девона” бештар аст. Хусусан, ҳаводиси табии тобистони ин сол селхезиҳои Бадахшону Рашту Суғд, ки чандин куштаву хисороти ҷуброннопазир дар пай доштанд. Ё заминларзаи пурхисороти Бадахшон. Аз сӯйи дигар соли буҳрони амиқи иқтисодӣ, соли ҷастухези дуллор.

Дар ин сол мо шоҳид шудем, ки ҳукумати Тоҷикистон ба таври расмӣ яке аз дастурҳои Президенти Тоҷикистонро, ки зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ содир шуда буд, иҷро накард. Мебоист Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр дастури Президент “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ... ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”-ро амалӣ мекард ва ба андозаҳои гуногун маоши кормадони соҳоти буҷавӣ, нафақаву стипендияро боло мебурд, вале Вазорати молия замони иҷрои ин дастурро аз моҳи сентябр ва ноябр ба таъвиқ гузошт ва дар моҳи ноябр эълом дошт, ки иҷрои ин дастур бар асоси касодии буҷаи кишвар барои замони номуайян ба таъхир гузошта мешавад.

Ин сол барои иқтисоди Тоҷикистон ҳам як соли вазнин буд. Хусусан, бар асари буҳрони амиқи иқтисодӣ дар Русия иқтисоди побанд ба пули муҳоҷирони Тоҷикистон низ побандтар ба мушкилоти мавҷуд шуд. Вале, мо дар ин навишта бештар рӯйи ҳаводиси муҳимтарини сиёсии Тоҷикистон дар соли 2015 тамаркуз кардем, ки ин ҳодисаҳо натавонистанд ва ё наметавонистанд дар дигар солҳо ба вуҷуд биоянд.

Яке аз файласуфони машҳури ҷаҳон гуфтааст, ки “ҳангоми баҳодиҳӣ ба асри ХХ муҳаққиқон онро асри девона хоҳанд номид”. Ҳамин тариқ агар ҳаводиси соли 2015-ро бо солҳои қаблии аз замони ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ муқоиса кунем, ҳатман ба гуфтаи ин файласуф розӣ мешавем ва соли 2015-ро “соли девона” хоҳем номид.

Пеш аз ҳама “девонагарӣ”-ҳои соли 2015 дар ин буд, ки ин сол ҳаводисе иттифоқ уфтод, ки барои мардум ва ҷомеа бисёр ғайриинтизор буданд. Баъзе ҳодисаҳои дигаре низ иттифоқ уфтод, ки аслан сари онҳо дар ҷомеа гуфтугузор набуд ва коршиносони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ вуқуъи ин гуна ҳаводисро барои Тоҷикистон дар чанд соли наздик номумкин мегуфтанд. Пеш аз ҳама ҳодисаи 4 сентябр, ки бо номи “Ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф шуд. Ҳаводисе низ рух дод, ки дар солҳои қаблӣ барои роҳандозии онҳо ҳукумат ҷасорат намекард. Пеш аз ҳама интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015.

Ин интихобот аз интихоботҳои дигари даврони истиқлол бо ду хусусияти барҷастааш тафкик мешавад. Яке ин ки намояндаҳои аҳзоби мухолифро ба парлумон роҳ надоданд ва дигар ин ки Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфтанд. Ғайрипарлумонӣ кардани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (он замон ҲНИТ фаъолияти расмӣ ва қонунӣ дошт) барои аҳли таҳқиқ ва коршиносон ҳодисаи комилан пешгӯйинашаванда буд. Вале бар асоси пешзаминаҳое, ки барои аз фаъолиятҳои ҷиддӣ ва саҳнаи сиёсӣ дур кардани ин ҳизбҳо сохта шуда буданд, як навъ “қаноат” ҳосил шуд, ки ин ҳизбҳо дар интихобот шикаст хӯрданд. Аз сӯйи дигар, парлумонӣ шудани ҳизби демократ ва сотсиалистӣ ҳарчанд як ҳодисаи боварнакарданӣ буд, аммо рух дод ва шуд. Хусусан, онҳое мегуфтанд, ки хурус тухм намекунад, акнун диданд, ки хурус тухм кард.

Ҳодисаи фоҷиабор ва олуда ба хуни 4 сентябр, ки дар он муовини вақти вазири дифои Тоҷикиистон, генерал Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба Ҳоҷӣ Ҳалим муҷрим шинохта шуд, аз “девонагарӣ”-ҳои дигари ин сол буд. Албатта баҳогузорӣ ба ин ҳодиса, ки то кунун сабаб ва омилҳои он комилан барои ҷомеа ошкор нашудааст, ҳанӯз барвақт аст, вале сар задани чунин як ҳодисаи нангин дар баданаи ҳукумат ҳамаро ба фикр фурӯ нишонд. Хусусан, дар шароите ки ин ҳодисаро мақомоти босалоҳияти давлат табаддулоти давлатӣ номиданд.

“Девонагарӣ”-ҳои чашмрастари “соли девона” дар пайи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим рух доданд. Хусусан, мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шудани ҲНИТ, яке аз неруҳои саҳим дар сулҳи тоҷикон ва яке аз иштирокдорони муътадили равандҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии кишвар (29-уми сентябр) ҳодисе буд, ки ба рух додани он ҳамагии мардум қаноат ҳосил карда буд, вале замони рух додани ҳодиса мушаххас набуд. ҲНИТ, ки як ҳаракати сиёсии динии муътадил дар минтақа шинохта мешуд, ифротгаро дониста шуд.

Ҳаводиси дигаре, ки онро низ дар қолаби “девонагариҳои соли девона” мешавад баррасӣ кард, ба маҳкама кашидани фаъолони сиёсӣ ва мудофеини ҳуқуқи инсон мебошад. Чунин ҳаводис дар солҳои гузашта ҳам иттифоқ меуфтод, вале дар ин сол чунин ҳаводис бисёр рух дод, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр ҷиддӣ гирифт. Хусусан ба маҳкама кашидани вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва чеҳраҳои аршади ҲНИТ то кунун мавзӯи меҳварии баҳс дар доираҳои фаъоли сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳамчунин қабули қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар соли 2015 ҳодисаи беназирест, ки дар солҳои қаблӣ рух надод ва акнун итминон ҳосил кардем, ки дар ҳеч кадом соли дигар рух намедиҳад.

Навобаста аз ин гуна “девонагариҳои соли девона” муҳимтарин дастоварди мо сулҳу оромии кишвар халалдор нашуд, ки инро мешавад аз “оқилӣ”-ҳои “соли девона” донист. Муҳимтарин паём ҳам аз сипарӣ шудани соли 2015 барои мо боқӣ мондани сулҳу суботи ва амният дар кишвар аст. Дастоварде, ки дар саргаҳи манфиатҳои милливу давлатии мо истод кардааст ва намешавад онро ба чизе иваз кард...
Мӯҳр
Dev
Sol devona nabud , sola devona kardаnd.Devonatarin, nomardonatarin sol baroi millatu davlati tojiki bud.

сафар
Нависанда худша хаму файласуф фикр кардай...у файласуф касе боша мумкин ягон чизи дига бфахма ай ин гапаш. Ягон чизи дига мегуфт ин нависанда хуб бд монанди ходисадор бесобика..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)