Бар асари як таркиш дар яке аз нақбҳои музофоти Хэнани ҷумҳурии Чин 7 нафар кушта ва 11 нафар бенишон шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар аснои таркиш дар нақби «Тзюлишан»-и шаҳри Тсязотзо 18 нафар нақбканон фаъолият доштаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ инфиҷор бар асари ҷамъшавии миқдори зиёди газ ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷустуҷӯи нақбканони боқимонда идома дошта, ҳамчунин сабабҳои қазия таҳқиқ карда мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр