Қатли 30 наврас барои саркашӣ аз ҷанг ба тарафдории ДИИШ
Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ 30 наврасеро, ки нахостаанд дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи неруҳои ироқӣ дар шаҳри Рамодӣ биҷанганд, куштаанд. Дар ин бора оҷонсии ТАСС хабар додааст.
Ин маълумотро намояндаи Шӯрои вилояти Найвани Ироқ, ки маркази маъмурияш шаҳри Мавсул аст, тасдиқ кардааст. Хабар дода мешавад, ҷонибдорони ДИИШ ин 30 наврасро, ки бештар аз 16 сол надоштанд, аз байн бурдаанд. Ин наврасон ба он айбдор мешуданд, ки гӯиё ҳангоми ҳамлаи неруҳои ироқӣ ба Рамодӣ аз шаҳр фирор кардаанд. Гуруҳи наврасон, ки нахостанд биҷанганд ва аз Рамодӣ фирор карданд, ба шаҳри Мавсул оварда шуданд.
Аъзои Шӯрои вилоят гуфтааст, “ҳамаи 30 наврас дар мазҳари ом дар майдони марказии ноҳияи Эл-Кияр дар қисмати ҷанубии Мавсул кушта шуданд”.
Неруҳои ироқӣ назорати шаҳри Рамодиро комилан ба даст гирифтанд, хабар медиҳад шабакаи Си-Эн-Эн бо такя ба ҳукумати Ироқ. Бо пуштибонии зарбаҳои ҳавоии эътилоф ба раҳбарии ИМА, нерӯҳои ироқӣ 22 декабр вориди маркази Рамодӣ шуда, талош карданд шаҳрро дар тасарруфи худ дароранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |