84 ҳазор евро кумаки Иттиҳоди Аврупо ба зарардидаҳои заминларзаи Бадахшон
Иттиҳоди Аврупо барои осебдидаҳои заминҷунбии рӯзи 7 декабр дар Бадахшони куҳӣ дар ҳаҷми 84 ҳазор евро кумак кардааст.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, бештар аз 36000 евро ба ихтиёри ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гузошта мешавад, то ин ниҳод ба 195 хонаводаи зарардида, ки дар он 935 нафар бо шумули маълулон ҳастанд, ҳарчи зудтар кумак расонад. Ин кумакҳо асосан асбобҳои пухтупаз, бастачаҳои беҳдоштӣ ва ғизо хоҳанд буд.
Дар пайи заминларзаи 7 декабр дар шарқи Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар захм бардошт. нафар аҳ нафар гардид. Ин зилзила наздики 800 манзили истиқоматӣ, 23 мактаб ва 6 бунгоҳи тиббиро қисман ва пурра хароб кард. Теъдоди афроде, ки бесарпаноҳ мондаанд, 4794 нафар гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |