70-солагии Биҳоҷал Раҳимова дар вилояти Суғд таҷлил мегардад.
Бо назардошти хизматҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади қадршиносӣ аз меҳнати аҳли зиё қарори раиси вилоят таҳти рақами №353 аз 25 октябри соли 2011 ба имзо расид. Бояд гуфт, ки мутобиқи санади мазкур 70- солагии ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» Биҳоҷал Раҳимова дар сатҳи баланд ва ботантана ҷашн гирифта мешавад. Барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят муваззаф гардидаанд.
Ҳамчунин телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҷаллаи «Ноҳид» оид ба ҳаёт ва фаъолияти Биҳоҷал Раҳимова барномаҳо таҳия намуда, мақолаву очеркҳо бо табъ мерасонанд.Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр