Даргузашти муҳаққиқи шинохтаи Шашмақом пас аз садама
Найим Ҳакимов, муҳаққиқи шинохтаи таърихи Шашмақом дар сини 60 даргузашт.
Ӯ 22 декабр дар роҳи мошингарди ноҳияи Варзоб ба садама дучор шуда, шаби 28 ба 29 декабр дар беморхони Қарияи Боло фавтидааст.
Аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, маросими видоъ бо Найим Ҳакимов ҳамин ҳоло дар назди манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.
Профессор Найим Ҳакимов аз муҳаққиқони барҷастаи таърихи Шашмақом ва мусиқиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣбуда, солҳои охир дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси мудири кафедра кор мекард. Ӯ инчунин раҳбарии “Маркази фарҳангиву маърифатии Суғд”-ро бар уҳда дошт, ки барои эҳёву рушди ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, баргузории маҳфилу чорбиниҳо, нашри китобҳо дар бораи мусиқиву ҳунарҳои мардумӣ хидмат менамуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |